https://sputnik.tj/20260406/artishi-rusiya-deharo-amaliyoti-vizhai-nizomi-ozod-1076642476.html
Артиши Русия дар як ҳафта панҷ деҳаро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод кард
Артиши Русия дар як ҳафта панҷ деҳаро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз 30 март то 5 апрел артиши Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд
2026-04-06T15:29+0500
2026-04-06T15:29+0500
2026-04-06T15:29+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
артиши русия
амалиёти вижа
озод кардан
пешравӣ
артиш
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076579165_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_2bd273bf81ffbe2d83ae3943e80f4ad8.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Артиши Русия дар тӯли як ҳафтапешравиҳои назхаррас нишон дода боз панҷ деҳаи дигарро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “РИА Новости”, дар истинод ба вазорати дифоъ.Тибқи ҳисобҳои ин ниҳод, панҷ маҳалла аз 30 март то 5 апрел зери назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифтанд: ду деҳа дар минтақаи Харков ва Запороже ва якто дар минтақаи Сумы.Аз 23 то 29 март, нерӯҳои Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд: сето дар минтақаи Харков ва дуто дар ҶМД.Амалиёти вижа дар УкраинаРусия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20260406/rasonaho-ukraina-safarbarkuni-shadidtar-1076638717.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076579165_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_5d184ba29d65a0697cfd1f699d3b0900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, артиши русия, амалиёти вижа, озод кардан, пешравӣ, артиш, низоъ
украина, артиши русия, амалиёти вижа, озод кардан, пешравӣ, артиш, низоъ
Артиши Русия дар як ҳафта панҷ деҳаро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод кард
Аз 30 март то 5 апрел артиши Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод карданд
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Артиши Русия дар тӯли як ҳафтапешравиҳои назхаррас нишон дода боз панҷ деҳаи дигарро дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ озод кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории “РИА Новости”, дар истинод ба вазорати дифоъ.
Тибқи ҳисобҳои ин ниҳод, панҷ маҳалла аз 30 март то 5 апрел зери назорати Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия қарор гирифтанд: ду деҳа дар минтақаи Харков ва Запороже ва якто дар минтақаи Сумы.
Аз 23 то 29 март, нерӯҳои Русия панҷ маҳаллаи аҳолинишинро озод карданд: сето дар минтақаи Харков ва дуто дар ҶМД.
Амалиёти вижа дар Украина
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.