https://sputnik.tj/20260405/tojikiston-mahsuloti-sanoati-istehsol-1076621804.html
Тоҷикистон дар ду моҳ ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст
Тоҷикистон дар ду моҳ ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар зарфи ду моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд
2026-04-05T13:41+0500
2026-04-05T13:41+0500
2026-04-05T13:41+0500
дар тоҷикистон
саноат
рушд
иқтисод
истеҳсол
маҳсулоти саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065154010_0:24:1280:744_1920x0_80_0_0_d54d87fd31e8c14dc4a4fb4397a59aa0.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои ин Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.Қайд карда шудааст, ки дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 23,0 фоиз зиёд гардидааст.Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3954 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 365 адад ба соҳаи саноати истихроҷ, 3416 адад ба саноати коркард, 72 адад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 101 адад ба таъминоти об ва коркарди партовҳо рост меоянд.Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад.Ин рушд барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.Бояд қад кард, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
https://sputnik.tj/20260330/suporishho-rahmon-mushkilot-rushdi-sanoat-kishvoarzi-sugd-1076458952.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/12/1065154010_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_6587370a14b51504784fbfbaceef9cbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, рушд, иқтисод, истеҳсол, маҳсулоти саноат
дар тоҷикистон, саноат, рушд, иқтисод, истеҳсол, маҳсулоти саноат
Тоҷикистон дар ду моҳ ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардааст
Дар зарфи ду моҳи аввали соли равон корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба маблағи 10,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 10 миллиарду 543 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин Агентӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 1,5 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар ду моҳи соли 2026 рушди соҳа асосан аз ҳисоби баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар бахшҳои саноати истихроҷ 1,9 фоиз, саноати коркард 26,3 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 1,1 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 23,0 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки моҳҳои январ ва феврали соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3954 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 365 адад ба соҳаи саноати истихроҷ, 3416 адад ба саноати коркард, 72 адад ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 101 адад ба таъминоти об ва коркарди партовҳо рост меоянд.
Тибқи иттилои ин ниҳоди давлатӣ, рушди устувори соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Ин рушд барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бояд қад кард, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ нақши муҳим дорад.