https://sputnik.tj/20260405/qarori-zelenskiy-donbass-khashmi-gharb-1076621999.html
Қарори Зеленский дар бораи Донбасс боиси хашми Ғарб шуд
Қарори Зеленский дар бораи Донбасс боиси хашми Ғарб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори финландӣ гуфт, ки Зеленский бо сабаби якравӣ дар масъалаи Донбасс метавонад қаламрави бештарро аз даст диҳад
2026-04-05T12:41+0500
2026-04-05T12:41+0500
2026-04-05T12:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
амалиёти вижа
ғарб
аврупо
владимир зеленский
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1e/1076472639_0:72:3070:1800_1920x0_80_0_0_27c7c62505be800e47b2fb623281d47f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Сиёсатмадори финландӣ Армандо Мема, узви ҳизби Иттиҳоди Озодӣ, дар шабакаҳои иҷтимоии X, навиштааст, ки якравии Владимир Зеленский дар масъалаи Донбасс боиси талафоти барои Украина хоҳад шуд."Президент Трамп ба Зеленский 800 миллиард доллар пешниҳод кард, то Украина созишномаи сулҳро имзо кунад. Зеленский рад кард. Маъмурияти Кохи Сафед кӯшиш мекунад, ки низоъро тавассути музокирот хотима диҳад, аммо зоҳиран Зеленский бовар дорад, ки бо дастгирии бештари Ғарб метавонад пирӯз шавад. Русия борҳо талаб кардааст, ки низоъ бо роҳи осоишта анҷом ёбад, аммо Зеленский мехоҳад қаламравҳоро баргардонад", - қайд кард ӯ.Ба гуфтаи сиёсатмадор, раҳбари режими Киев наметавонад вазъиятро оқилона арзёбӣ кунад, ки боиси талафоти бештар мегардад."Ҳамлаи баҳорӣ, аз рӯи ҳама чиз, ин дафъа барои Украина харобиовар хоҳад буд", - таъкид кард Мема.Ягона роҳи баромадан аз ин вазъият, гуфтушунид ва имтиёзҳои қаламравӣ аст, хулоса кард ӯ.Рӯзи сешанбе раҳбари режими Киев изҳор дошт, ки Русия муҳлат гузоштааст: Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бояд дар давоми ду моҳ аз шарқи Донбасс берун шаванд.Дар посух ба изҳороти вай, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки Зеленский "имрӯз бояд қарор қабул кунад, ки нерӯҳои украинӣ Донбассро тарк кунанд ва аз марзҳои маъмурии Ҷумҳурии Халқии Донетск берун шаванд".Вай таъкид кард, ки ин қарор метавонад ҷони бисёриҳоро наҷот диҳад ва ба марҳилаи гарми ҷанг хотима бахшад.Ахиран Вазорати дифои Русия эълон кард, ки нерӯҳои "Ғарб" Ҷумҳурии Халқии Луганскро пурра озод кардаанд.
https://sputnik.tj/20260404/matvienko-tramp-sozish-ukraina-manfiatdor-1076614078.html
украина
русия
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1e/1076472639_255:0:2986:2048_1920x0_80_0_0_91d0dec171fbb3dbd31c2115be21dd07.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, русия, амалиёти вижа, ғарб, аврупо, владимир зеленский
украина, русия, амалиёти вижа, ғарб, аврупо, владимир зеленский
Қарори Зеленский дар бораи Донбасс боиси хашми Ғарб шуд
Сиёсатмадори финландӣ гуфт, ки Зеленский бо сабаби якравӣ дар масъалаи Донбасс метавонад қаламрави бештарро аз даст диҳад
ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. Сиёсатмадори финландӣ Армандо Мема, узви ҳизби Иттиҳоди Озодӣ, дар шабакаҳои иҷтимоии X, навиштааст, ки якравии Владимир Зеленский дар масъалаи Донбасс боиси талафоти барои Украина хоҳад шуд.
"Президент Трамп ба Зеленский 800 миллиард доллар пешниҳод кард, то Украина созишномаи сулҳро имзо кунад. Зеленский рад кард. Маъмурияти Кохи Сафед кӯшиш мекунад, ки низоъро тавассути музокирот хотима диҳад, аммо зоҳиран Зеленский бовар дорад, ки бо дастгирии бештари Ғарб метавонад пирӯз шавад. Русия борҳо талаб кардааст, ки низоъ бо роҳи осоишта анҷом ёбад, аммо Зеленский мехоҳад қаламравҳоро баргардонад", - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, раҳбари режими Киев наметавонад вазъиятро оқилона арзёбӣ кунад, ки боиси талафоти бештар мегардад.
"Ҳамлаи баҳорӣ, аз рӯи ҳама чиз, ин дафъа барои Украина харобиовар хоҳад буд", - таъкид кард Мема.
Ягона роҳи баромадан аз ин вазъият, гуфтушунид ва имтиёзҳои қаламравӣ аст, хулоса кард ӯ.
Рӯзи сешанбе раҳбари режими Киев изҳор дошт, ки Русия муҳлат гузоштааст: Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бояд дар давоми ду моҳ аз шарқи Донбасс берун шаванд.
Дар посух ба изҳороти вай, котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки Зеленский "имрӯз бояд қарор қабул кунад, ки нерӯҳои украинӣ Донбассро тарк кунанд ва аз марзҳои маъмурии Ҷумҳурии Халқии Донетск берун шаванд".
Вай таъкид кард, ки ин қарор метавонад ҷони бисёриҳоро наҷот диҳад ва ба марҳилаи гарми ҷанг хотима бахшад.
Ахиран Вазорати дифои Русия эълон кард, ки нерӯҳои "Ғарб" Ҷумҳурии Халқии Луганскро пурра озод кардаанд.