Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Расонаҳо: Украина ба изҳороти Трамп дар бораи НАТО ногаҳон вокуниш нишон дод

© AP / Mark SchiefelbeinПрезидент США Дональд Трамп выступает на саммите Института инициатив в области будущих инвестиций, 27 марта 2026 года, в Майами-Бич, штат Флорида.
Президент США Дональд Трамп выступает на саммите Института инициатив в области будущих инвестиций, 27 марта 2026 года, в Майами-Бич, штат Флорида. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Обуна шудан
Сафири Украина дар НАТО эълон кардааст, ки хуруҷи ИМА аз НАТО барои Киев имкониятҳои бештареро фароҳам месозад
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Сафири Украина дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Олена Ҳетманчук, аз дурнамои хориҷшавии ИМА аз НАТО, ки президенти Амрико Доналд Трамп эълон карда буд, истиқбол кард, навиштааст нашрияи Politico дар истинод ба суханронии дипломат.
"Ба ҷои сӯҳбат дар бораи фурӯпошии НАТО, ман дар бораи тағйиру ояндаи он мехоҳам сӯҳбат кунам", - гуфт вай.
Ҳетманчук ин таҳаввулотро ҳамчун имконияти ворид шудан ба НАТО барои Украина медонад, ки айни замон дарҳои он барои ин кишвар баста аст.
Ҳафтаи равон Трамп эълон кард, ки пас аз рад кардани кумак дар амалиёти зидди Эрон, ӯ дар бораи тарк кардани Иттиҳод ҷиддӣ фикр мекунад. Кохи Сафед ин иттиҳодро "паланги коғазӣ" номид ва шубҳа дошт, ки иттифоқчиён метавонанд дар оянда барои Амрико фоидаовар бошанд.
Флаги Украины и США у здания Капитолия в Вашингтоне. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Келлогг: ИМА бояд барои таъсиси блоки нав бо Украина аз НАТО хориҷ шавад
Профессори муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷтаун Чарлз Купчан изҳор дошт, ки маъмурияти Трамп мавқеи худро дар бораи пайвастани Украина ба НАТО тағйир медиҳад ва ин масъаларо аз рӯзнома хориҷ мекунад.
Эҳтимол дорад, ки худи НАТО дар ояндаи наздик дар бораи узвияти Киев ба ин Иттиҳод тасмим нагиранд.
Лентаи хабарҳо
0