Лебедев: Табодли коло байни кишварҳои ИДМ дар солҳои охир 30%-40% афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев на 106-м заседании Экономического совета СНГ в Москве.
Генеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев  на 106-м заседании Экономического совета СНГ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2026
Обуна шудан
Ба иттилои дабири кулли ИДМ гуфт, ки афзоиши ММД дар ҳамаи кишварҳои Иттиҳодия, бахусус дар Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 апр - Sputnik. Табодули коло байни кишварҳои ИДМ дар солҳои охир тақрибан 30%-40% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев дар ҳошияи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар Маскав хабар дод.
"Дар солҳои охир гардиши тиҷорат байни кишварҳои ИДМ афзоиш ёфтааст ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар кишварҳои ИДМ низ дар ҳоли афзоиш қарор дорад... Гардиши тиҷорат дар кишварҳои гуногун бо суръати гуногун афзоиш ёфтааст. Тақрибан аз 30% то 40%", - гуфт Лебедев.
Вай қайд кард, ки афзоиши ММД дар ҳамаи кишварҳои ИДМ, бахусус дар Тоҷикистон, Арманистон ва Қирғизистон низ ба назар мерасад.
"Дар солҳои охир, махсусан пас аз ҷорӣ кардани таҳримҳо, пас аз он ки Ғарб чеҳраи воқеии худро нишон дод, кишварҳои ИДМ дарк карданд, ки рушди муносибатҳо миёни кишварҳои худ судманд хоҳад буд ва ин ҳамкориҳо ба натиҷаҳои хуб мерасонад", - таъкид кард Лебедев.
Аз соли 2012 инҷониб, дар дохили Иттиҳод режими тиҷорати озод барои молҳо амал мекунад.
Председатель области Раджаббой Ахмадзода  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Аҳмадзода хостори се баробар афзоиш додани гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон шуд
Созишнома дар бораи тиҷорати озоди хизматрасонӣ, таъсис, фаъолият ва сармоягузорӣ, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2023 ба имзо расид, барои Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон 5 июни соли 2024 эътибор пайдо кард.
Минтақаи тиҷорати озоди хизматрасонӣ баъдан бо анҷом додани расмиёти дохилии дигар аъзои ИДМ барои эътибор пайдо кардани созишнома васеъ гардид.
Лентаи хабарҳо
0