https://sputnik.tj/20260403/peskov-ukraina-muhlat-neruho-donbass-khorij-1076595198.html
Песков: Ба Украина мӯҳлат дода нашудааст, ки кай нерӯҳоияшро аз Донбасс хориҷ кунад
Песков: Ба Украина мӯҳлат дода нашудааст, ки кай нерӯҳоияшро аз Донбасс хориҷ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки давлаташ ба Зеленский мӯҳлати хуруҷи нерӯҳо аз Донбассро надодааст
2026-04-03T18:41+0500
2026-04-03T18:41+0500
2026-04-03T18:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
музокирот
нерӯҳо
донбасс
русия
дмитрий песков
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076598298_0:27:3071:1754_1920x0_80_0_0_b300dcc463043a1fd34c89811ec0cbaa.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳор дошт, ки кишвараш мӯҳлати муайянеро барои хуруҷи нерӯҳои Украина аз Донбасс муқаррар накардааст.Дар охири моҳи март, Владимир Зеленский иддао кард, ки Маскав ба Украина ду моҳ муҳлат додааст, то нерӯҳояшро барорад кунад, вагарна шартҳои созишномаи сулҳ тағйир меёбад.Песков инро рад кард, аммо қайд кард, ки хуруҷи нерӯҳои Украина аз минтақа ба ҳалли низоъ мусоидат хоҳад кард."Барои ин, Зеленский бояд масъулияти сиёсиро ба дӯш гирад ва қарори мувофиқ қабул кунад. Мӯҳлатҳо вуҷуд надоранд. Ин бояд имрӯз анҷом дода шавад, ё беҳтараш, бояд дирӯз анҷом дода мешуд", - гуфт сухангӯи Кремл.Ба гуфтаи вай. барои он ки марҳилаи гарми амалиёти низомӣ ба охир расад, Украина бояд ин шартро иҷро кунад.Песков қаблан таъкид карда буд, ки таваққуф дар раванди сулҳ аз интизории хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз Донбасс вобаста нест; он аз сабаби вазъият дар Ховари Миёна ба миён омадааст.Аз аввали сол ҳайатҳои Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида се даври музокирот баргузор карданд. Охиринаш дар Женева 17-18 феврал баргузор шуд. Дар бораи макон ва вақти тамосҳои нав ҳанӯз тафсилоти мушаххасе дастрас нест.
https://sputnik.tj/20260402/muzokiroti-sejoniba-ukraina-bozdoshta-1076561927.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076598298_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_25c7f2e3516da851f792a9a8aafe01df.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, музокирот, нерӯҳо, донбасс, русия, дмитрий песков
украина, амалиёти вижа, музокирот, нерӯҳо, донбасс, русия, дмитрий песков
Песков: Ба Украина мӯҳлат дода нашудааст, ки кай нерӯҳоияшро аз Донбасс хориҷ кунад
Сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки давлаташ ба Зеленский мӯҳлати хуруҷи нерӯҳо аз Донбассро надодааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, изҳор дошт, ки кишвараш мӯҳлати муайянеро барои хуруҷи нерӯҳои Украина аз Донбасс муқаррар накардааст.
Дар охири моҳи март, Владимир Зеленский иддао кард, ки Маскав ба Украина ду моҳ муҳлат додааст, то нерӯҳояшро барорад кунад, вагарна шартҳои созишномаи сулҳ тағйир меёбад.
Песков инро рад кард, аммо қайд кард, ки хуруҷи нерӯҳои Украина аз минтақа ба ҳалли низоъ мусоидат хоҳад кард.
"Барои ин, Зеленский бояд масъулияти сиёсиро ба дӯш гирад ва қарори мувофиқ қабул кунад. Мӯҳлатҳо вуҷуд надоранд. Ин бояд имрӯз анҷом дода шавад, ё беҳтараш, бояд дирӯз анҷом дода мешуд", - гуфт сухангӯи Кремл.
Ба гуфтаи вай. барои он ки марҳилаи гарми амалиёти низомӣ ба охир расад, Украина бояд ин шартро иҷро кунад.
Песков қаблан таъкид карда буд, ки таваққуф дар раванди сулҳ аз интизории хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина аз Донбасс вобаста нест; он аз сабаби вазъият дар Ховари Миёна ба миён омадааст.
Аз аввали сол ҳайатҳои Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳида се даври музокирот баргузор карданд. Охиринаш дар Женева 17-18 феврал баргузор шуд. Дар бораи макон ва вақти тамосҳои нав ҳанӯз тафсилоти мушаххасе дастрас нест.