Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: аз корфармоёни қаллоб худро ҳимоя кунед

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПроверка документов у работников на стройке в Новосибирске. Иллюстративное фото
Проверка документов у работников на стройке в Новосибирске. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ҳолати фиреби шаҳрвандони кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи кор дар хориҷ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатӣ ҳушдор додааст, ки ҳолатҳои қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки ваъда медиҳанд дар хориҷ ба кор таъмин мекнанд, афзоиш ёфтааст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар баёнияе аз муҳоҷирон даъват кардааст, ки ба чунин хабарҳои дуруғ ва таблиғоти, ки асос надоранд, бовар накунанд.

“Афроди қаллоб бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook*, Instagram*, Telegram) ба боварии шаҳрвандон даромада, онҳоро гӯйё бо ҷойӣ кори хуб таъмин мекунанд фиреб медиҳанд. Дар аввал суроғаҳои худро нишон медиҳанд, вале баъд аз гирифтани маблағ худро зуд бедарак месозанд ва ёфтани онҳо номумкин мешавад”, - таъкид кардааст вазорат.

Ин ниҳоди давлатӣ ба муҳоҷирон ҳушдор додааст, ки ин гуна қаллобон одатан ваъдаҳои маошҳои аз ҳад зиёд баланд ва ҷойҳои кории "афсонавӣ" ваъда медиҳанд.
Омода намудани ҳуҷҷатҳои сафар дар муддати хеле кӯтоҳ ва кафолати 100%-и гирифтани раводид (виза) бе тафтишоти расмӣ низ яке аз ваъдаҳои қаллбон дар интернет мебошад, ки муҳоҷирон бояд ба онҳо бовар накунанд.
Мақомот қайд кардааст, ки ҳадафи асосии ин нафарон бо фиреб гирифтани маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
“Дар натиҷаи бо онҳо ҳамкорӣ кардани Шумо ҳам маблағи худро аз даст медиҳед, ҳам ҳуҷҷатҳоятон онҳо нобуд мекунанд ва ҳам маълумотҳои шахсии интишор мешавад”, - қайд кардааст вазорати меҳнат.
Вазорат ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки ба миёнаравони номаълум ва хабарҳои беасоси онҳо бовар накунанд.
Паспорт гражданина Российской Федерации и Конституция РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
Ҳамчунин ҷойҳои кориро аз саҳифаҳои шубҳаноки шахсони алоҳида пайдо накунанд ва ҳатман бо Муассисаи давлатии "Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар тамос шуда аз онҳо расман машварати гиранд.
Ҳамчунин мақомот аз муҳоҷирон хостааст, маълумоти шахсиро аз ҳаргуна нафарони фиребгар ҳифз кунанд.
“Ҳеҷ гоҳ нусхаи шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳоро ба нафарони шубҳанок нафиристед, ки оқибатҳои нахуб дорад”, - таъкид кардааст вазорати меҳнат.
* Ширкати Meta Corporation (соҳиби Facebook, Instagram) дар Русия ҳамчун экстремистӣ эътироф шуда мамнӯъ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0