https://sputnik.tj/20260402/vazorati-difo-davati-bahorii-safi-artish-1076548671.html
Вазорати дифоъ: даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиш 54,3% иҷро шуд
Вазорати дифоъ: даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиш 54,3% иҷро шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт нақшаи даъвати баҳорӣ дар кадом манотиқи кишвар то имрӯз пурра иҷро шудааст
2026-04-02T12:41+0500
2026-04-02T12:41+0500
2026-04-02T12:41+0500
дар тоҷикистон
артиш
қувваҳои мусаллаҳ
даъват ба хидмат
иҷрои нақшаи даъват
вазорати дифоъи тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076518816_195:149:1898:1107_1920x0_80_0_0_2e29be9cd84dad32fd0a82404685c68e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши кишвар дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3%-ро ташкил менамояд.Дар ин бора Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои вазорат имсол дар ҳама шаҳру новоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.Қайд карда шудааст, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша, гузориш дод.“Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмиати ҳарбӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.Ҳамзамон ба иттилои вазорати дифоъ, бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.Зикр гардидааст, ки масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кушиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд.Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.
https://sputnik.tj/20260401/vmkb-khatlon-naqsha-davat-ijro-1076526077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076518816_243:0:1920:1258_1920x0_80_0_0_67961ba7dbf6869920dceabcc6a0a4d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, артиш, қувваҳои мусаллаҳ, даъват ба хидмат, иҷрои нақшаи даъват, вазорати дифоъи тоҷикистон
дар тоҷикистон, артиш, қувваҳои мусаллаҳ, даъват ба хидмат, иҷрои нақшаи даъват, вазорати дифоъи тоҷикистон
Вазорати дифоъ: даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиш 54,3% иҷро шуд
Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт нақшаи даъвати баҳорӣ дар кадом манотиқи кишвар то имрӯз пурра иҷро шудааст
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи артиши кишвар дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3%-ро ташкил менамояд.
Дар ин бора Раёсати иттилоот ва робита бо ҷомеаи вазорати дифои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои вазорат имсол дар ҳама шаҳру новоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.
Қайд карда шудааст, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша, гузориш дод.
“Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмиати ҳарбӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Ҳамзамон ба иттилои вазорати дифоъ, бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.
Зикр гардидааст, ки масъулини дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ дар самти мазкур фаъолият намуда, кушиш менамоянд нақшаро дар муҳлати муайян иҷро намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола санаи 1 – уми апрел дар кишвар даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, тибқи он ҷавононписарони аз 18 то 27 солаи солим ва қобили хизмат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ҷалб мегарданд.