https://sputnik.tj/20260402/vakili-parlumoni-avrupo-ukraina-silohi-hastai-1076560106.html
Вакили парлумони Аврупо оқибатҳои дастрасии Украина ба силоҳи ҳастаиро шарҳ дод
Вакили парлумони Аврупо оқибатҳои дастрасии Украина ба силоҳи ҳастаиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вакили парлумони Аврупо ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Киев метавонад зуд ҷанги ҳастаиро ба вуҷуд орад
2026-04-02T19:19+0500
2026-04-02T19:19+0500
2026-04-02T19:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
ҳастаӣ
ҷанги ҳастаӣ
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076079661_0:239:3035:1946_1920x0_80_0_0_97cee089914b6703ee53334084624938.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина метавонад зуд ҷанги ҳастаиро дар қитъаи Аврупо ба вуҷуд орад, гуфт Фернан Картайзер, вакили парлумони Аврупо.Қаблан, Владимир Зеленский изҳор дошт, ки мехоҳад илова бар кафолатҳои амниятӣ барои Украина силоҳи ҳастаӣ ба даст орад."Муҷаҳҳаз кардани Украина бо силоҳи ҳастаӣ эҳтимолан таъсири устуворкунанда ё боздоранда нахоҳад дошт, аммо метавонад моро зуд ба ҷанги ҳастаӣ дар қитъаи Аврупо ворид кунад", - гуфт ӯ.Картайзер бовар дорад, ки ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина бояд пешгирӣ карда шавад ва агар ин ғайриимкон бошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ бояд чораҳои заруриро барои ғайрифаъол кардани чунин силоҳҳо андешад.Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова қаблан изҳор карда буд, ки ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина на танҳо ба таҳдидҳои сиёсӣ, балки ба истифодаи мустақими он аз ҷониби Киев, аз ҷумла муқобили сарпарастонаш низ оварда мерасонад.
https://sputnik.tj/20260331/qrim-izhorot-zelenskiy-siloh-hastai-ighvo-1076502619.html
украина
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076079661_304:0:3035:2048_1920x0_80_0_0_432e8e5db7d384801cc7c3b19344d6f0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, ҳастаӣ, ҷанги ҳастаӣ, аврупо
украина, амалиёти вижа, ҳастаӣ, ҷанги ҳастаӣ, аврупо
Вакили парлумони Аврупо оқибатҳои дастрасии Украина ба силоҳи ҳастаиро шарҳ дод
Вакили парлумони Аврупо ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Киев метавонад зуд ҷанги ҳастаиро ба вуҷуд орад
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина метавонад зуд ҷанги ҳастаиро дар қитъаи Аврупо ба вуҷуд орад, гуфт Фернан Картайзер, вакили парлумони Аврупо.
Қаблан, Владимир Зеленский изҳор дошт, ки мехоҳад илова бар кафолатҳои амниятӣ барои Украина силоҳи ҳастаӣ ба даст орад.
"Муҷаҳҳаз кардани Украина бо силоҳи ҳастаӣ эҳтимолан таъсири устуворкунанда ё боздоранда нахоҳад дошт, аммо метавонад моро зуд ба ҷанги ҳастаӣ дар қитъаи Аврупо ворид кунад", - гуфт ӯ.
Картайзер бовар дорад, ки ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина бояд пешгирӣ карда шавад ва агар ин ғайриимкон бошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ бояд чораҳои заруриро барои ғайрифаъол кардани чунин силоҳҳо андешад.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова қаблан изҳор карда буд, ки ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Украина на танҳо ба таҳдидҳои сиёсӣ, балки ба истифодаи мустақими он аз ҷониби Киев, аз ҷумла муқобили сарпарастонаш низ оварда мерасонад.