Заминҳои бекорхобидаи Тоҷикистон барқарор карда мешаванд

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиСтроительство ирригационной системы Пушинг в Хатлонской области.
Строительство ирригационной системы Пушинг в Хатлонской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2026
Обуна шудан
Як қатор барномаҳои қабулшуда ба рушди мунтазами минтақаҳои нави обёришаванда ва татбиқи корҳои ҳифзи соҳил нигаронида шудаанд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои беҳтар кардани ҳолати заминҳои азхудшуда корҳо анҷом дода мешаванд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии мелиоратсия ва обёрии ҷумҳурӣ хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки ҳукумати кишвар як қатор барномаҳоро, аз ҷумла нақшаҳои беҳтар кардани ҳолати заминҳои азхудшуда ва обёришаванда барои солҳои 2024-2028, мустаҳкам кардани соҳилҳои дарёҳо барои солҳои 2023-2027 ва барқарорсозии минтақаҳои аз истифодаи кишоварзӣ берун, барои солҳои 2022-2027, қабул кардааст.
Лоиҳаҳо инчунин барои ҷалби сармоягузорӣ барои муҷаҳҳаз кардани истгоҳҳои насосӣ бо таҷҳизоти каммасрафи энержӣ барои солҳои 2023-2027 ва рушди мелиоратсия ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 ба нақша гирифта шудаанд.
Оҷонсӣ изҳор медорад, ки арзиши умумии ин барномаҳо тақрибан 2,2 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Оҷонсӣ афзуд, ки то охири соли 2025 бо татбиқи ин лоиҳаҳо вазъи заминҳои масоҳати умумии 12, 8 ҳаз. гектар беҳтар крада шудааст.
Картошка зиёд мешавад: дар ноҳияи картошкапарвари Тоҷикистон заминҳои нав аз худ карда мешаванд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2026
Картошка зиёд мешавад: дар ноҳияи картошкапарвари Тоҷикистон заминҳои нав аз худ карда мешаванд
Ғайр аз ин, қитъаҳои қаблан аз истифодаи кишоварзӣ гирифташуда дар 1,7 ҳаз. гектар барқарор карда шудаанд.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ин рақам 128%-и нақшаи қаблан муқарраршудаи татбиқи барномаро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, хадамоти матбуот қайд кард, ки 28 истгоҳи насосӣ, ки дар Тоҷикистон ҷойгиранд, бо таҷҳизоти муосири каммасрафи энергия муҷаҳҳаз шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0