https://sputnik.tj/20260402/putin-ittihodiyai-avrupo-iiao-hamkori-1076561596.html
Путин изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ва ИИАО дар оянда ҳамкорӣ хоҳанд кард
Путин изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ва ИИАО дар оянда ҳамкорӣ хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия изҳори умедвори кардааст, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳодияи Аврупо метавонанд дар оянда масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд
2026-04-02T19:49+0500
2026-04-02T19:49+0500
2026-04-02T19:49+0500
русия
дар русия
владимир путин
ииао
иттиҳоди аврупо
ҳамкорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/18/1076300855_0:70:3020:1769_1920x0_80_0_0_5463a55029bde2648845d703e7bb7255.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳори умедворӣ кард, ки замоне фаро мерасад, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Иттиҳоди Аврупо бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард.Изҳороти раисҷумҳури Русия дар шабакаи телевизионии "Россия 24" нашр шуд.Раҳбари Русия қайд кард, ки кишвараш ҳамкориҳои Арманистон бо Иттиҳодияи Аврупоро дарк мекунад, аммо Ереван наметавонад якбора узви ду иттиҳоди гумрукӣ бошад."Рӯзе, шояд дар оянда, ИИАО ва Иттиҳодияи Аврупо - умедворам, ки мо дар ниҳоят дар як қитъа зиндагӣ мекунем - метавонанд ихтилофоти худро ҳал кунанд. Аммо ҳатто пеш аз бӯҳрони Украина, мо кӯшиш кардем, ки бо аврупоиҳо дар бораи ҳамкорӣ ба мувофиқа бирасем ва аз ин ҳеҷ натиҷае ба даст наомад", - гуфт Путин.Ба гуфтаи вай, ИА "дар қариб ҳама масъалаҳо, ҳатто дар масъалаи сабук, мавқеи хеле сахтгирона дорад".Раисҷумҳури Русия инчунин умедвор аст, ки дар давоми солҳои оянда ИИАО ва ИА имкон хоҳанд дошт масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/53822
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/18/1076300855_289:0:3020:2048_1920x0_80_0_0_df7d31f089a47d264d38722658bddc1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, владимир путин, ииао, иттиҳоди аврупо, ҳамкорӣ, иқтисод
русия, дар русия, владимир путин, ииао, иттиҳоди аврупо, ҳамкорӣ, иқтисод
Путин изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо ва ИИАО дар оянда ҳамкорӣ хоҳанд кард
Раисҷумҳури Русия изҳори умедвори кардааст, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳодияи Аврупо метавонанд дар оянда масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни мулоқот бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳори умедворӣ кард, ки замоне фаро мерасад, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Иттиҳоди Аврупо бо ҳам ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Изҳороти раисҷумҳури Русия дар шабакаи телевизионии "Россия 24" нашр шуд.
Раҳбари Русия қайд кард, ки кишвараш ҳамкориҳои Арманистон бо Иттиҳодияи Аврупоро дарк мекунад, аммо Ереван наметавонад якбора узви ду иттиҳоди гумрукӣ бошад.
"Рӯзе, шояд дар оянда, ИИАО ва Иттиҳодияи Аврупо - умедворам, ки мо дар ниҳоят дар як қитъа зиндагӣ мекунем - метавонанд ихтилофоти худро ҳал кунанд. Аммо ҳатто пеш аз бӯҳрони Украина, мо кӯшиш кардем, ки бо аврупоиҳо дар бораи ҳамкорӣ ба мувофиқа бирасем ва аз ин ҳеҷ натиҷае ба даст наомад", - гуфт Путин.
Ба гуфтаи вай, ИА "дар қариб ҳама масъалаҳо, ҳатто дар масъалаи сабук, мавқеи хеле сахтгирона дорад".
Раисҷумҳури Русия инчунин умедвор аст, ки дар давоми солҳои оянда ИИАО ва ИА имкон хоҳанд дошт масъалаҳои баҳсбарангезро ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.