Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд

© Foto / МегаФон ТаджикистанМегаФон Таджикистан.
МегаФон Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2026
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Тақрибан 30 пойгоҳи базавии стандарти 4G/LTE моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ дар шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайдо шуданд
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Оператор бо таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати баланди хизматрасониҳо, инчунин ба навсозии таҷҳизоте, ки барои алоқаи овозӣ нигаронида шудааст, шурӯъ намуд.
Пойгоҳҳои нави базавии (БС) насли чорум дар тамоми манотиқи кишвар ба истифода дода шуданд. Дар вилояти Суғд шабакаи 4G дар шаҳрҳои Бӯстон, Панҷакент ва Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истаравшан пурзӯр карда шуд. Дар вилояти Хатлон – дар ноҳияҳои Қубодиён ва Фархор.
Дар ВМКБ таҷҳизоти нав дар ноҳияи Мурғоб ба кор даромад. Лоиҳаи рушди шабака инчунин шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, ноҳияҳои Варзоб, Рашт ва Рӯдакии НТМ-ро фаро гирифт. Дар ҷойҳое, ки ПБ-ии нав ба кор андохта шуданд, суръати интернети мобилӣ 2-3 баробар афзоиш ёфт.
Таҷҳизоти 4G имкон медиҳад, ки на танҳо суръати таҳвили маълумот афзоиш ёбад, балки зангҳо дар шабакаи LTE бо садои равшантару тозатар дастрас гарданд.
Навсозӣ аллакай натиҷа дод: шумораи истифодабарандагони технологияи VoLTE (Voice over LTE) дар муқоиса бо соли гузашта се баробар афзуд – аз 5% то 15% аз шумораи умумии муштариёни ширкат. Васеъшавии минтақаи фарогирии 4G/LTE ба муштариён имкон медиҳад, ки даъватҳои овозиро устувору муттасил анҷом диҳанд.
Мобильное приложение МегаФон Life  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2026
“МегаФон Life”: алоқа бидуни маҳдудиятҳо ва хароҷоти зиёдатӣ
Раванди муосиргардонии коммутаторҳои овозӣ ва базаи иттилооти алоқаи овозӣ (CS Core) ҷараён дорад. Лоиҳа навсозии таъминоти барномавӣ-таҷҳизотии унсурҳои асосӣ, муносибгардонии сохтор ва зиёдкунии захираҳоро барои коркарди трафики овозӣ дар бар мегирад.
Ин тадбирҳо устувории шабакаро ҳангоми сарбориҳои зиёд баланд бардошта, вақти пайвасткуниро кам ва сифати даъватҳои овозиро беҳтар мекунанд.
“Рақамикунонии Тоҷикистон – лоиҳаи бузургест, ки аз маҷмӯи амалҳои хурд иборат аст. Ҳар як пойгоҳи базавии насли чорум, ҳар як километри ХАНН моро ба ҳадаф наздиктар месозад. Кори ҳаррӯзаи кормандони алоқа имкониятҳои навро барои тиҷорат фароҳам оварда, digital-хизматрасониҳоро барои муштариён дар шаҳру ноҳияҳои кишвар боз ҳам дастрас мегардонад”, - мегӯяд Алиҷон Ғаниев, директори техникии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Лентаи хабарҳо
0