"Dushanbe Navruz Fest": дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи бузург баргузор мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТоржества по случаю Международного Навруза-2026 в Душанбе.
Торжества по случаю Международного Навруза-2026 в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2026
Обуна шудан
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон мебошад
ДУШАНБЕ, 29 мар – Sputnik. Дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи бузурги "Dushanbe Navruz Fest" баргузор мешавад.
Ин чорабинии фарҳангию фароғатӣ 4 апрел аз соати 15:00 оғоз мешавад, хабар медиҳад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Мақсади асосӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон мебошад.
Ҳадафи дигар, муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ гуфта шудааст.
Инчунин фестивал ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Чорабинӣ бо дастгирии шаҳрдорӣ гузаронида мешавад. Барномаи фестивал силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад.
Аз ҷумла, баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, шириниҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикан пешбинӣ гардидааст.
Намоишгоҳи санъатгарон Artel Local Bazaar - Navruz edition дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2026
Дар Душанбе ба муносибати Наврӯз ярмаркаи ҳунарҳои дастӣ баргузор шуд: Видео
Ҳамзамон барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз қабили бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳои шавқовар, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси фароғатӣ барои кӯдакон ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0