https://sputnik.tj/20260328/rohbar-markazi-milliu-farhangi-tojikon-uzbekiston-ordeni-dusti-1076408015.html
Раҳмон ба роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон ордени “Дӯстӣ” дод
Раҳмон ба роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон ордени “Дӯстӣ” дод
Sputnik Тоҷикистон
Ордени “Дӯстӣ” ба Гуландом Субҳонова барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дода шудааст
2026-03-28T11:31+0500
2026-03-28T11:31+0500
2026-03-28T11:31+0500
дар тоҷикистон
орден
узбекистон
фарҳанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1b/1076407491_0:70:1280:791_1920x0_80_0_0_a129617670d48b9b9f1177357f23fb21.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ, бахусус саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Узбекистон намояндагони соҳаи фарҳанги ду давлат бо орденҳои "Дӯстӣ" ва "Дӯстлик" қадрдонӣ карда шуданд.Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.Аз ҷумла, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон Гуландом Субҳонова бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардонида шуд.Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода будем, ки роҳбари ансамбли шашмақоми "Нури Ниёгон"-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳратҷон Набиев бо ордени "Дӯстлик"-и Ҷумҳурии Узбекистон мушарраф гардид.Дар қарори раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта шуда буд, ки орден ба Шуҳратҷон Набиев ба хотири хизматҳои бузургаш дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ байни ду кишвар, густариши дӯстии анъанавӣ, шарикии стратегӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ дода мешавад.Қайд карда шудааст, ки тақдими мукофотҳо барои фаъолияти бисёрсолаи самараноки эҷодӣ, саҳм дар рушд ва тарғиби фарҳанг, иштироки фаъолона дар муаррифии мероси бойи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷику узбек дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фаъолияти намунавӣ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳо ва анъанаҳои муштарак мусоидат менамояд.
https://sputnik.tj/20260327/shavkat-mirziyoev-hunarmand-tojikiston-orden-1076361972.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1b/1076407491_98:0:1235:853_1920x0_80_0_0_235167b5732d5e49cc1e475e91d0c4ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, орден, узбекистон, фарҳанг
дар тоҷикистон, орден, узбекистон, фарҳанг
Раҳмон ба роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон ордени “Дӯстӣ” дод
Ордени “Дӯстӣ” ба Гуландом Субҳонова барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дода шудааст
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ, бахусус саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Узбекистон намояндагони соҳаи фарҳанги ду давлат бо орденҳои "Дӯстӣ" ва "Дӯстлик" қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Аз ҷумла, барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон роҳбари Маркази миллию фарҳангии тоҷикон дар Узбекистон Гуландом Субҳонова бо ордени "Дӯстӣ" сарфароз гардонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабар дода будем, ки роҳбари ансамбли шашмақоми "Нури Ниёгон"-и вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҳратҷон Набиев бо ордени "Дӯстлик"-и Ҷумҳурии Узбекистон мушарраф гардид.
Дар қарори раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфта шуда буд, ки орден ба Шуҳратҷон Набиев ба хотири хизматҳои бузургаш дар рушди ҳамкории ҳамаҷониба ва муносибатҳои дӯстонаи ҳамсоягӣ байни ду кишвар, густариши дӯстии анъанавӣ, шарикии стратегӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ дода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки тақдими мукофотҳо барои фаъолияти бисёрсолаи самараноки эҷодӣ, саҳм дар рушд ва тарғиби фарҳанг, иштироки фаъолона дар муаррифии мероси бойи фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷику узбек дар арсаи байналмилалӣ, инчунин фаъолияти намунавӣ дар ҳифз ва ғанӣ гардонидани арзишҳо ва анъанаҳои муштарак мусоидат менамояд.