Зиёрати Раҳмону Мирзиёев аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро - аксҳо

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаБоздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро
Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон ва раҳбари Узбекистон якҷоя аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Эмомалӣ раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Бухоро аз Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ боздид карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон
1/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон
2/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон
3/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон
4/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

© Foto / Хадамоти матбуоти президенти ТоҷикистонБоздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро
Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро - Sputnik Тоҷикистон
5/5
Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро
1/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

2/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

3/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

4/5

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро

5/5
Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Бухоро
Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ - маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст.
Дар дохили оромгоҳ ҳамчунин худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон подписали Совместное заявление об углублении стратегического партнерства и союзнических отношений. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ: Тоҷикистону Узбакистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд
Оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст.
Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.
Иншоот ба рӯйхати Мероси фарҳангии ИСЕСКО низ ворид гардидааст. Ҳамарӯза садҳо гардишгар аз тамоми ҷаҳон ба тамошои ин мавзеъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои бевоситаи Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазор сол ба хизматҳои шоистаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон арҷ гузошта шуд.
Аз ҷумла, соли 1999 1100 - солагии давлатдории Сомониён бошукуҳ таҷлил гардида, дар шаҳри Душанбе муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.
Пули миллӣ - Сомонӣ ва яке аз ноҳияҳои пойтахт номи ӯро гирифт.
Лентаи хабарҳо
0