Тоҷикистону Узбекистон додугирифтро то соли 2030 ба 2 миллиард доллар мерасонанд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаПервое заседание Высшего межгосударственного совета Таджикистана и Узбекистана.
Первое заседание Высшего межгосударственного совета Таджикистана и Узбекистана.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба 1 миллиард доллар наздик шудааст
ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Масъалаи густариши ҳамкориҳо дар тамоми саҳаҳо дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Узбакистон, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, баррасӣ гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар нишасти нахустини Шурои олии байнидавлатӣ, маҷмуи васеи масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллар наздик мешавад ва изҳори бовар карда шуд, ки то соли 2030 ин нишондод то ба 2 миллиард доллар расонда мешавад.
Дар ин ҷаласа тарафҳо қайд карданд, ки ҳоло дар сарзамини Узбекистон 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷик ва дар Тоҷикистон 131 корхонаи муштараки Тоҷикистону Узбекистон фаъолият доранд.
“Ин омор нишонаи намоёни густариши ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя номида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Переговоры на высшем уровне в рамках государственного визита Эмомали Рахмона в Узбекистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2026
Раҳмону Мирзиёев мехоҳанд ба густариши шарикии стратегӣ такони нав бахшанд
Ҳамчунин дар нишаст фароҳам овардани шароити мусоид барои рафтуомади шаҳрвандон миёни ду кишвар, аз ҷумла бо мақсади сайёҳӣ, яке аз дастовардҳои муҳими ҷонибҳо дар солҳои охир арзёбӣ карда шуд.
“Дар соли 2025 наздики 2 миллиону 800 ҳазор шаҳрванди мо ба Узбекистон ва беш аз 1 миллиону 100 ҳазор шаҳрванди кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон сафар намудаанд”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Қайд карда шудааст, ки суръати баланди густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои стратегӣ, чун энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин тарафҳо аз баргузории бомуваффақияти намоишгоҳи муштараки маҳсулоти соҳавӣ дар шаҳри Тошканд, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон ва анҷумани байниминтақавии соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Ҷизахи Узбекистон, ки дар ҳошияи ин сафар ҷараён доштанд, изҳори қаноат карда шуд.
Дар ин нишаст тақвияти ҳамкорӣ барои истифодаи васеи технологияҳои навин, дастовардҳои навтарини илму техникаи муосир ва ҳамчунин дастгирии олимону ташаббускорони ҷавон зарур дониста шуд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Шавкат Мирзиёев ба як ҳунарманд аз Тоҷикистон орден дод
Тарафҳо ба роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот муҳим дониста шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар робита ба ин зарурати ҳамоҳангиҳои муштарак дар мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид карда шуд.
Ба ҳамкорӣ дар масоили минтақавию ҷаҳонӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла, авзои атрофи минтақаи моро "мураккаб" номида, иброз доштанд, ки барои вокуниши муассир ба хавфу таҳдидҳои умумӣ талошҳои муштараки минбаъда тақозо мегардад.
Лентаи хабарҳо
0