Раҳмон ва Мирзиёев бинои нави сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошкандро ифтитоҳ карданд

© Foto / Пресс-служба президента УзбекистанаГосударственный визит Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Узбекистан.
Государственный визит Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона в Узбекистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Обуна шудан
Дар вазъияти тантанавӣ роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон бинои нави сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Тошкандрор ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Руасоиҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон дар вазъияти тантанавӣ дар шаҳри Тошканд бинои нави сафорати Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Роҳбароини ду давлат бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистонро ифтитоҳ намуданд.
Ба иттилои манбаъ роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон аз маҷмааи сафорат боздид карда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамсоягӣ миёни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев и Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон подписали Совместное заявление об углублении стратегического партнерства и союзнических отношений. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2026
Шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ: Тоҷикистону Узбакистон 19 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд
Манбаъ ёдовар шудаанд, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон 22 октябри соли 1992 барпо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе сафорати Узбекистон фаъолият дорад.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави сафорати Узбекистон дар шаҳри Душанбе 19 апрели соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Узбекистон аз тарафи Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ ёфта буд.
Лентаи хабарҳо
0