"Рангомезии Наврӯз": Дар Узбекистон асарҳои рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шуд

© Foto / Пресс-служба Министерства культуры Республики ТаджикистанВыставка работ современных таджикских художников "Цвета Навруза" в Узбекистане.
Выставка работ современных таджикских художников Цвета Навруза в Узбекистане. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2026
Обуна шудан
Намоиш ба муаррифии санъати муосири тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Дар Иттифоқи рассомони Узбекистон асарҳои рассомони муосири Тоҷикистон намоиш дода шуданд.
Ин намоишгоҳ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон таҳти унвони "Рангомезии Наврӯз" барпо шуд.
Дар ин бора, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар намоиш зиёда аз 30 асари рассомон, аз ҷумла Фаррух Неъматзода, Далер Меҳтоҷов, Пайрав Гулов, Анваршо Сайфиддинов, Эркин Суюнов, Саодат Боронова ва Лутфия Ҳакимова ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Чорабинӣ ба муаррифии санъати муосири тоҷик ва таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон мусоидат менамояд.
Съемки фильма. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар ҳоли анҷомёбист
Ин дар ҳолест, ки аз 23 то 29 март дар Тошканд ва Самарқанд Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар доираи ин чорабинӣ мулоқоти се насли "Наврӯзи олам" бо ширкати рассомони Тоҷикистон ва Узбекистон, аз ҷумла шоирон ва нависандагон, ки дар баробари дигар масъалаҳо масъалаҳои марбут ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи башардӯстонаро баррасӣ мекунанд, дар бар мегирад.
Дар рӯзҳои фарҳанг инчунин намоиши филмҳои бадеии коргардонҳои тоҷик ба нақша гирифта шудааст. Иштирокчиён метавонанд чанд филм аз ҷумла "Моҳӣ дар шаст", "Дар талоши ҳақиқат" ва "Зиндагӣ зебост"-ро тамошо кунанд.
Илова бар ин, дар ин ҳамоиши фарҳангӣ консерти "Шоми дӯстӣ", намоишҳои гурӯҳҳои гуногуни эҷодӣ, намоишномаҳои театрӣ ва намоишгоҳҳои санъати тасвирӣ баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0