https://sputnik.tj/20260326/rahmon-uzbekiston-safar-kard-1076338693.html
Раҳмон ба Узбекистон сафар кард
Раҳмон ба Узбекистон сафар кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафари раҳбари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дӯ рӯза хоҳад буд ва аз 26 то 27-уми март идома хоҳад ёфт.
2026-03-26T11:49+0500
2026-03-26T11:49+0500
2026-03-26T12:07+0500
дар тоҷикистон
узбекистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
боздид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076335984_0:145:3072:1873_1920x0_80_0_0_eb6f846ee176d3a30f3edf700b09700f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Узбекистон сафар кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.Сафари раҳбари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дӯ рӯза хоҳад буд ва аз 26 то 27-уми март идома хоҳад ёфт.Ҷониби Ӯзбекистон қаблан хабар дода буд, ки раҳбари Тоҷикистон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатиро баргузор мекунанд.Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олӣ низ баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд.Роҳбарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.Хадамоти матбуот инчунин афзуд, ки оғози як қатор лоиҳаҳои нави муштарак ва имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба равона шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.Пас аз музокирот, имзои бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ интизор меравад.
https://sputnik.tj/20260323/rahmon-ravobiti-dustona-hamkori-tojikistoun-eron-tavsea-1076265869.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076335984_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_51c8b933e002fa3a8acf1624077a065b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, узбекистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , боздид
дар тоҷикистон, узбекистон, эмомалӣ раҳмон, сиёсат , боздид
Раҳмон ба Узбекистон сафар кард
11:49 26.03.2026 (Навсозишуда: 12:07 26.03.2026) Сафари раҳбари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дӯ рӯза хоҳад буд ва аз 26 то 27-уми март идома хоҳад ёфт.
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари давлатӣ ба Узбекистон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро гуруҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари раҳбари Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя дӯ рӯза хоҳад буд ва аз 26 то 27-уми март идома хоҳад ёфт.
Ҷониби Ӯзбекистон қаблан хабар дода буд, ки раҳбари Тоҷикистон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатиро баргузор мекунанд.
Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олӣ низ баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
Роҳбарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Хадамоти матбуот инчунин афзуд, ки оғози як қатор лоиҳаҳои нави муштарак ва имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба равона шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз музокирот, имзои бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ интизор меравад.