https://sputnik.tj/20260326/mirziyoev-shakhsan-rahmon-peshvoz-girift-1076347500.html
Мирзиёев шахсан Раҳмонро пешвоз гирифт
Мирзиёев шахсан Раҳмонро пешвоз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Сафари дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон расман оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд – Ҳумо бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд
2026-03-26T13:13+0500
2026-03-26T13:13+0500
2026-03-26T13:13+0500
эмомалӣ раҳмон
узбекистон
дар тоҷикистон
боздид
шавкат мирзиёев
тошканд
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076342740_100:396:1822:1365_1920x0_80_0_0_3c68cba3fbf8df6720d44bbe9e1a0c03.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд - пойтахти Узбекистон шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари Узбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифт.“Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон овезон буд”, - қайд кардааст манбаъ.Аз фурудгоҳ кишвардори Тоҷикистон назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” равон шуд ва дар он ҷо бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассама гулчанбар гузошт.Дар маросими гулчанбаргузорӣ президенти Тоҷикистонро Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуд.Сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошкант ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шоми дӯстӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон дар назар аст.
узбекистон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1a/1076342740_266:313:1669:1365_1920x0_80_0_0_f50f768763975bb4b50c20f1a027ed76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, узбекистон, дар тоҷикистон, боздид, шавкат мирзиёев, тошканд, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, узбекистон, дар тоҷикистон, боздид, шавкат мирзиёев, тошканд, сиёсат
Мирзиёев шахсан Раҳмонро пешвоз гирифт
Сафари дурӯзаи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон расман оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд – Ҳумо бо шукуҳу шаҳомат пешвоз гирифтанд
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд - пойтахти Узбекистон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд президенти Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд роҳбари Узбекистон Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифт.
“Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда, шиору овезаҳои тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон овезон буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Аз фурудгоҳ кишвардори Тоҷикистон назди Муҷассамаи “Истиқлолият ва башардӯстӣ” равон шуд ва дар он ҷо бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар назди Муҷассама гулчанбар гузошт.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ президенти Тоҷикистонро Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ намуд.
Сафари давлатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 26-27 март дар шаҳрҳои Тошкант ва Бухоро ҷараён гирифта, дар доираи он мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар нахустин нишасти Шурои олии байнидавлатӣ, имзои шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории форуми тиҷоратӣ ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Шоми дӯстӣ ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон дар назар аст.