https://sputnik.tj/20260326/anqara-tashkili-muzokirot-ukraina-peshravi-nest-1076359866.html
Анқара: Айни замон дар ташкили музокирот дар бораи Украина пешравӣ нест
Анқара: Айни замон дар ташкили музокирот дар бораи Украина пешравӣ нест
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Туркия эълон кардааст, ки айни замон дар ташкили музокирот дар борраи Украина пешравӣ нест
2026-03-26T20:26+0500
2026-03-26T20:26+0500
2026-03-26T20:26+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
музокирот
туркия
русия
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074238092_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_7c1ab5a30dbeae3e22d685f7b31e6674.jpg
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Маъмурияти президенти Туркия ба РИА Новости гуфт, ки айни замон дар ташкили музокирот дар бораи Украина дар Туркия пешрафти мушаххасе ба назар намерасад.Қаблан, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан изҳор дошт, ки Анқара омода аст бори дигар барои музокирот оид ба ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина майдон фароҳам созад."Айни замон дар ташкили даври музокирот дар бораи Украина дар Туркия пешрафти мушаххасе ба назар намерасад; равандҳои омодагии дахлдор идома надоранд", - гуфт маъмурияти президенти Туркия ба РИА Новости.Як манбаи дипломатии Туркия қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки Туркия дар доираи талошҳои миёнҷигарии худ барои ҳалли низоъ дар Украина тамосҳоро бо Маскав ва Киев идома медиҳад ва равзанаи имконият барои музокирот боқӣ мемонад.Русия ва Украина қаблан се даври музокироти мустақимро дар Истанбул баргузор карданд. Ин боиси мубодилаи асирон гардид. Ғайр аз ин, Русия ҷасадҳои сарбозони кушташудаи украиниро ба режими Киев супурд. Тарафҳо инчунин лоиҳаҳои ёддоштҳоро дар бораи ҳалли низоъ мубодила карданд.
https://sputnik.tj/20260122/narishkin-ima-sarparast-asosi-kiev-1074710472.html
украина
туркия
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1d/1074238092_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_84f6f48ee9da4af554a9e27e1d61ac3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, музокирот, туркия, русия, низоъ
украина, амалиёти вижа, музокирот, туркия, русия, низоъ
Анқара: Айни замон дар ташкили музокирот дар бораи Украина пешравӣ нест
Мақомоти Туркия эълон кардааст, ки айни замон дар ташкили музокирот дар борраи Украина пешравӣ нест
ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Маъмурияти президенти Туркия ба РИА Новости гуфт, ки айни замон дар ташкили музокирот дар бораи Украина дар Туркия пешрафти мушаххасе ба назар намерасад.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидан изҳор дошт, ки Анқара омода аст бори дигар барои музокирот оид ба ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина майдон фароҳам созад.
"Айни замон дар ташкили даври музокирот дар бораи Украина дар Туркия пешрафти мушаххасе ба назар намерасад; равандҳои омодагии дахлдор идома надоранд", - гуфт маъмурияти президенти Туркия ба РИА Новости.
Як манбаи дипломатии Туркия қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки Туркия дар доираи талошҳои миёнҷигарии худ барои ҳалли низоъ дар Украина тамосҳоро бо Маскав ва Киев идома медиҳад ва равзанаи имконият барои музокирот боқӣ мемонад.
Русия ва Украина қаблан се даври музокироти мустақимро дар Истанбул баргузор карданд. Ин боиси мубодилаи асирон гардид. Ғайр аз ин, Русия ҷасадҳои сарбозони кушташудаи украиниро ба режими Киев супурд. Тарафҳо инчунин лоиҳаҳои ёддоштҳоро дар бораи ҳалли низоъ мубодила карданд.