https://sputnik.tj/20260325/putin-sanad-tibbi-muhojiron-tojikiston-taswib-1076298817.html
Путин санади аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирон дар Тоҷикистонро тасвиб кард
Путин санади аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирон дар Тоҷикистонро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нақша доранд барои кор ба Русия биёянд, метавонанд дар ватани худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
2026-03-25T10:29+0500
2026-03-25T10:29+0500
2026-03-25T10:29+0500
муҳоҷират
владимир путин
имзо
ҳуҷҷат
муҳоҷир
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/18/1076300202_0:10:2841:1608_1920x0_80_0_0_ed777ec9bd06813f914423a9854146df.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нақша доранд барои кор ба Русия биёянд, метавонанд дар ватани худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.Дар ин бора, президенти Русия Владимир Путин санади даходор имзо кард.Созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар ин мавзӯъ дар вебсайти расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст.Шаҳрвандони тоҷик дар ватани худ дар ташкилотҳое, ки Вазорати тандурустии Русия ваколатдор кардааст, бо пардохти муайян аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.Онҳо гузоришеро бо забони русӣ мегиранд, ки ҳангоми вуруд ба Русия пешниҳод мекунанд. Ба қувваи қонунӣ даромадани созишнома, аз ҷумла, ба рушди муносибатҳои байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.Ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, дарёфти он пеш аз сафар ба Русия, "қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад".Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ҳануз 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.Ин созишнома дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.Ёдовар мешавем, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд ва интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо барои хонаводаҳо ва иқтисоди кишвар нақши назаррас дорад.Дар Русия солҳои ахир талабот ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор мераванд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.
https://sputnik.tj/20251009/muhojirat-amniyat-iqtisod-nuqot-ihzorot-rahmon-1071907960.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/18/1076300202_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_24058596d8a0f0be23abbf530ed3800a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, владимир путин, имзо, ҳуҷҷат, муҳоҷир, дар тоҷикистон
муҳоҷират, владимир путин, имзо, ҳуҷҷат, муҳоҷир, дар тоҷикистон
Путин санади аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирон дар Тоҷикистонро тасвиб кард
Муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо мекунанд, дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия, дар ватан бигиранд
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нақша доранд барои кор ба Русия биёянд, метавонанд дар ватани худ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Дар ин бора, президенти Русия Владимир Путин санади даходор имзо кард.
Созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар ин мавзӯъ дар вебсайти расмии санадҳои ҳуқуқии Русия нашр шудааст.
Шаҳрвандони тоҷик дар ватани худ дар ташкилотҳое, ки Вазорати тандурустии Русия ваколатдор кардааст, бо пардохти муайян аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Онҳо гузоришеро бо забони русӣ мегиранд, ки ҳангоми вуруд ба Русия пешниҳод мекунанд. Ба қувваи қонунӣ даромадани созишнома, аз ҷумла, ба рушди муносибатҳои байни кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, дарёфти он пеш аз сафар ба Русия, "қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад".
Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ҳануз 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Ин созишнома дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд ва интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо барои хонаводаҳо ва иқтисоди кишвар нақши назаррас дорад.
Дар Русия солҳои ахир талабот ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор мераванд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.