Дар вилояти Хатлон дар соли равон 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд мегардад

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСтроительство новых цехов Красноярского алюминиевого завода.
Строительство новых цехов Красноярского алюминиевого завода.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят корҳои созандагию бунёдкориро батаври назаррас афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аххиран гуфт, ки дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардид.
Вай гуфт, ки дар вилоят ба ҷойи 6260 иншооти пешбинишуда 6640 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд.
“380 иншоот зиёд бунёд шуд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 5,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад”, - гуфт ӯ.
Давлаталӣ Саид ҳамчунин таъкид кард, ки танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.
Вай илова кард, ки дар соли 2026, дар идомаи иқдомҳои созандагӣ, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд ва ба истифода дода хоҳанд шуд.
Сбор овощей в фермерском хозяйстве  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2026
Хатлон дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ содирот мекунад
Раиси вилояти Хатлон зикр кард, ки Наврӯзи имсола бо хусусиятҳои хоси худ дар арафаи рӯйдоди муҳими таърихӣ - ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
“Дар ин даврони рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳадафи устувори рушди давлатдории миллиро таъмин намуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0