https://sputnik.tj/20260324/istehsoli-nerui-barq-osiyoi-markazi-manba-1076271288.html
БАОР: Аз 60-90% истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як манбаъ аст
БАОР: Аз 60-90% истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як манбаъ аст
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи як таҳқиқоти Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), танавуъи пасти истеҳсоли нерӯи барқ дар бахши энержии Осиёи Марказӣ боиси мушкилот мегардад
2026-03-24T10:41+0500
2026-03-24T10:41+0500
2026-03-24T10:41+0500
дар тоҷикистон
энергетика
баор
барқ
тавлид
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064129637_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_7d071cd7f148242224fde989e2c2ac12.jpg
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Тибқи иттилои БАОР, 60-90% истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳар як кишвар аз як манбаъ тавлид мешавад.Ин бонк қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз камобӣ камтар осебпазиранд. Аммо дар солҳои хушксолӣ ва зимистон истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишварҳо коҳиш меёбад.Бонк қайд кардааст, ки ин боиси норасоии шадиди барқ дар кишварҳо мегардад.Тоҷикистон анъанавӣ маҷбур аст, ки дар фасли зимистон ба интиқоли барқро маҳдуд кунад, ки ин маҳдуд будани пойгоҳи захиравии онҳо (алтернативаҳои маҳдуд ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ) шаҳодат медиҳад.Қирғизистон ҳам мисли Тоҷикистон бо вазъияти монанд рӯбарӯ мешавад: дар зимистони соли 2024, тақрибан 25% нерӯи барқи зарурии он аз кишварҳои ҳамсоя ворид карда мешуд, ки сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқи обӣ дар шароити сатҳи рекордии истеъмол буд.Ӯзбекистон бошад бо сабаби вобастагии аз ҳад зиёди худ ба нерӯгоҳҳои барқи гармидиҳӣ бо газ, дар моҳи январи соли 2023 бо бӯҳрони бузурги энергетикӣ рӯбарӯ шуд: ҳавои ғайримуқаррарии сард боиси афзоиши истеъмол гардид, ки боиси коҳиши фишор дар шабакаи газ ва аз кор мондани якчанд нерӯгоҳ гардид.Дар Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки аз ангишт ва газ бой аст, хатар гуногун аст: гарчанде ки онҳо захираҳои сӯзишвории худро доранд, такя ба як намуд (ангишт ё газ) низ осебпазириро ба вуҷуд меорад.Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки инҳисори истеҳсоли ангишт пур аз садамаҳо ва мушкилоти экологӣ аст, дар ҳоле ки инҳисори истеҳсоли газ боиси қатъ шудани таъминоти сӯзишворӣ ва ноустувории нарх мегардад.
https://sputnik.tj/20260318/baor-rushdi-iqtisodi-tojikistonro-guft-1076128347.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/1e/1064129637_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_58d5b23d76af7c284d445ed3f08d14af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, энергетика, баор, барқ, тавлид, иқтисод
дар тоҷикистон, энергетика, баор, барқ, тавлид, иқтисод
БАОР: Аз 60-90% истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз як манбаъ аст
Тибқи як таҳқиқоти Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР), танавуъи пасти истеҳсоли нерӯи барқ дар бахши энержии Осиёи Марказӣ боиси мушкилот мегардад
ДУШАНБЕ, 24 мар – Sputnik. Тибқи иттилои БАОР, 60-90% истеҳсоли нерӯи барқ дар ҳар як кишвар аз як манбаъ тавлид мешавад.
Ин бонк қайд кардааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз камобӣ камтар осебпазиранд. Аммо дар солҳои хушксолӣ ва зимистон истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обии ин кишварҳо коҳиш меёбад.
Бонк қайд кардааст, ки ин боиси норасоии шадиди барқ дар кишварҳо мегардад.
Тоҷикистон анъанавӣ маҷбур аст, ки дар фасли зимистон ба интиқоли барқро маҳдуд кунад, ки ин маҳдуд будани пойгоҳи захиравии онҳо (алтернативаҳои маҳдуд ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ) шаҳодат медиҳад.
Қирғизистон ҳам мисли Тоҷикистон бо вазъияти монанд рӯбарӯ мешавад: дар зимистони соли 2024, тақрибан 25% нерӯи барқи зарурии он аз кишварҳои ҳамсоя ворид карда мешуд, ки сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқи обӣ дар шароити сатҳи рекордии истеъмол буд.
Ӯзбекистон бошад бо сабаби вобастагии аз ҳад зиёди худ ба нерӯгоҳҳои барқи гармидиҳӣ бо газ, дар моҳи январи соли 2023 бо бӯҳрони бузурги энергетикӣ рӯбарӯ шуд: ҳавои ғайримуқаррарии сард боиси афзоиши истеъмол гардид, ки боиси коҳиши фишор дар шабакаи газ ва аз кор мондани якчанд нерӯгоҳ гардид.
Дар Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки аз ангишт ва газ бой аст, хатар гуногун аст: гарчанде ки онҳо захираҳои сӯзишвории худро доранд, такя ба як намуд (ангишт ё газ) низ осебпазириро ба вуҷуд меорад.
Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки инҳисори истеҳсоли ангишт пур аз садамаҳо ва мушкилоти экологӣ аст, дар ҳоле ки инҳисори истеҳсоли газ боиси қатъ шудани таъминоти сӯзишворӣ ва ноустувории нарх мегардад.