https://sputnik.tj/20260323/parlumoni-ukraina-buhroni-idorakuni-ukraina-1076263957.html
Парлумони Украина аз бӯҳрони идоракунии давлатӣ дар Украина эълон кард
Парлумони Украина аз бӯҳрони идоракунии давлатӣ дар Украина эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Як вакили парлумони Украина аз бӯҳрони идоракунии давлатӣ дар Украина хабар дод
2026-03-23T15:49+0500
2026-03-23T15:49+0500
2026-03-23T15:49+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
парлумон
рада
украина
амалиёти вижа
сиёсат
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1e/1074255824_0:0:3276:1844_1920x0_80_0_0_5bf96376a1544a4d1ccfd1a1691bdfee.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Вакили Рада ё парлумони Ярослав Железняк изҳор дошт, ки Украина бо бӯҳрони идоракунии давлатӣ рӯбарӯ шудааст.Рӯзи 19 март Данило Гетмансев, узви парлумон ва раиси Кумитаи молия, изҳор дошт, ки Украина дар ҳолати бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад, ки ба бисёр равандҳои қабули қарорҳо халал мерасонад. Қаблан, нашрияи "Украинска правда" бо истинод ба намояндагони ҳизби ҳокими "Хизматгори мардум" хабар дода буд, ки Рада аз кор мондааст, кумитаҳои он дар пеши назари мо пароканда мешаванд ва вакилони он аз ҳамкорӣ бо Владимир Зеленский худдорӣ мекунанд."Биёед ростқавл бошем - ин бӯҳрони парлумонӣ нест. Ин бӯҳрони идоракунии давлатӣ аст. Рада танҳо ба оинаи оммавии тамоми раванде табдил ёфтааст, ки муддати тӯлонӣдар дег меҷӯшад", - навиштааст Железняк дар канали Telegram-и худ.Ба гуфтаи вай,ҳукумати Украина айни замон комилан нотавон аст ва парлумон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ноком шудааст. Вақ қайд кард, ки ҷаласаи Рада, ки барои рӯзи сешанбеи ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, аллакай аз сабаби набудани овоздеҳон бекор карда шудааст.Вай афзуд, ки Зеленский ҳеҷ кӯшише барои ҷамъ овардани фраксияи "Хизматгори мардум" накардааст. Аммо, ӯ мутмаин аст, ки чунин ҷаласа ҳеҷ чизро ҳал намекунад.
https://sputnik.tj/20260322/majoriston-hamlai-ukraina-lulai-majroi-turk-nato-1076233052.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/1e/1074255824_545:0:3276:2048_1920x0_80_0_0_b9b8e1a6e3d651c4cb39ab344522aa16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парлумон, рада, украина, амалиёти вижа, сиёсат , буҳрон
парлумон, рада, украина, амалиёти вижа, сиёсат , буҳрон
Парлумони Украина аз бӯҳрони идоракунии давлатӣ дар Украина эълон кард
Як вакили парлумони Украина аз бӯҳрони идоракунии давлатӣ дар Украина хабар дод
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Вакили Рада ё парлумони Ярослав Железняк изҳор дошт, ки Украина бо бӯҳрони идоракунии давлатӣ рӯбарӯ шудааст.
Рӯзи 19 март Данило Гетмансев, узви парлумон ва раиси Кумитаи молия, изҳор дошт, ки Украина дар ҳолати бӯҳрони сиёсӣ қарор дорад, ки ба бисёр равандҳои қабули қарорҳо халал мерасонад. Қаблан, нашрияи "Украинска правда" бо истинод ба намояндагони ҳизби ҳокими "Хизматгори мардум" хабар дода буд, ки Рада аз кор мондааст, кумитаҳои он дар пеши назари мо пароканда мешаванд ва вакилони он аз ҳамкорӣ бо Владимир Зеленский худдорӣ мекунанд.
"Биёед ростқавл бошем - ин бӯҳрони парлумонӣ нест. Ин бӯҳрони идоракунии давлатӣ аст. Рада танҳо ба оинаи оммавии тамоми раванде табдил ёфтааст, ки муддати тӯлонӣдар дег меҷӯшад", - навиштааст Железняк дар канали Telegram-и худ.
Ба гуфтаи вай,ҳукумати Украина айни замон комилан нотавон аст ва парлумон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ноком шудааст. Вақ қайд кард, ки ҷаласаи Рада, ки барои рӯзи сешанбеи ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, аллакай аз сабаби набудани овоздеҳон бекор карда шудааст.
Вай афзуд, ки Зеленский ҳеҷ кӯшише барои ҷамъ овардани фраксияи "Хизматгори мардум" накардааст. Аммо, ӯ мутмаин аст, ки чунин ҷаласа ҳеҷ чизро ҳал намекунад.