https://sputnik.tj/20260322/sarusadoho-gharb-hushdori-rusiya-1076232726.html
Сарусадоҳо дар Ғарб пас аз ҳушдори Русия
Сарусадоҳо дар Ғарб пас аз ҳушдори Русия
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи AntiDiplomatico навиштааст, ки суханони Песков дар бораи бӯҳрони энергетикии ИА дар худи Аврупо ҷонибдор пайо кардааст 22.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-22T14:51+0500
2026-03-22T14:51+0500
2026-03-22T14:51+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
сиёсат
энергетика
русия
ғарб
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102453/68/1024536818_0:173:3029:1877_1920x0_80_0_0_44a4cd995e64cb0c8649b5255fb8b577.jpg
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Изҳороти сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди таъминоти энергетикӣ дар Аврупо ҷонибдор пайдо кардааст, менависад AntiDiplomatico."Суханони котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков дар Аврупо, ки аллакай бӯҳрони энержиро аз сар мегузаронад, ҷонибдор пайдо кардааст. Песков рӯзи ҷумъа дар суханронӣ мавқеи Иттиҳоди Аврупоро, ки намехоҳад сарфи назар аз норасоӣ ва буҳрон гази Русияо бихарад, танқид кард", - изҳор медорад нашрия.Ба гуфтаи нашрия, рад кардани гази Русия ба фоидаи гази моеъи ифлоси Амрико аз ҷониби Аврупо мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст."Ин интихоби геополитикӣ вобастагиро ба Вашингтон тақвият медиҳад ва ба бӯҳрони иқтисодӣ табдил меёбад, ки бо шиддат гирифтани низоъ дар Ховари Миёна боз ҳам шадидтар мешавад", - қайд мешавад дар мақола.AntiDiplomatico таъкид кард, ки низоъ байни ИМА ва Исроил бо Эрон боиси болоравии якбораи нархи нафту газ шудааст."Барои Иттиҳоди Аврупо, ки аллакай аз таваррум азият мекашад, ин маънои як давраи бад дорад: нархи баланди нерӯи барқ, фишор ба ширкатҳо ва шаҳрвандони оддӣ, як қатор бастани корхонаҳои саноатӣ, аз кор рондани коргарон ва вазъияти рӯзафзуни иқтисодӣ", - хулоса мекунад нашрия.Ташаннуҷ дар атрофи Эрон боиси баста шудани тангаи Ҳурмуз шуд, як роҳи калидии таъмини нафт ва гази моеъ аз кишварҳои Халиҷи Форс ба бозори ҷаҳонӣ мебошад.Ин вазъ ба истеҳсол ва содироти нафти минтақа таъсир расонд.Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ Аврупо метавонад қарор кунад, ки ба бозори нафти Русия баргардад, аммо дар самти муқобил ҳаракат мекунад.
https://sputnik.tj/20260321/siyosatmador-ia-muzokiroti-ukraina-1076220633.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102453/68/1024536818_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_d932d6259fed7a9d8632da9222121d49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, сиёсат , энергетика, русия, ғарб, газ
украина, амалиёти вижа, сиёсат , энергетика, русия, ғарб, газ
Сарусадоҳо дар Ғарб пас аз ҳушдори Русия
Нашрияи AntiDiplomatico навиштааст, ки суханони Песков дар бораи бӯҳрони энергетикии ИА дар худи Аврупо ҷонибдор пайо кардааст
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Изҳороти сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар бораи мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди таъминоти энергетикӣ дар Аврупо ҷонибдор пайдо кардааст, менависад AntiDiplomatico.
"Суханони котиби матбуотии Кремл Дмитрий Песков дар Аврупо, ки аллакай бӯҳрони энержиро аз сар мегузаронад, ҷонибдор пайдо кардааст. Песков рӯзи ҷумъа дар суханронӣ мавқеи Иттиҳоди Аврупоро, ки намехоҳад сарфи назар аз норасоӣ ва буҳрон гази Русияо бихарад, танқид кард", - изҳор медорад нашрия.
Ба гуфтаи нашрия, рад кардани гази Русия ба фоидаи гази моеъи ифлоси Амрико аз ҷониби Аврупо мушкилоти зиёдеро ба бор овардааст.
"Ин интихоби геополитикӣ вобастагиро ба Вашингтон тақвият медиҳад ва ба бӯҳрони иқтисодӣ табдил меёбад, ки бо шиддат гирифтани низоъ дар Ховари Миёна боз ҳам шадидтар мешавад", - қайд мешавад дар мақола.
AntiDiplomatico таъкид кард, ки низоъ байни ИМА ва Исроил бо Эрон боиси болоравии якбораи нархи нафту газ шудааст.
"Барои Иттиҳоди Аврупо, ки аллакай аз таваррум азият мекашад, ин маънои як давраи бад дорад: нархи баланди нерӯи барқ, фишор ба ширкатҳо ва шаҳрвандони оддӣ, як қатор бастани корхонаҳои саноатӣ, аз кор рондани коргарон ва вазъияти рӯзафзуни иқтисодӣ", - хулоса мекунад нашрия.
Ташаннуҷ дар атрофи Эрон боиси баста шудани тангаи Ҳурмуз шуд, як роҳи калидии таъмини нафт ва гази моеъ аз кишварҳои Халиҷи Форс ба бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Ин вазъ ба истеҳсол ва содироти нафти минтақа таъсир расонд.
Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиярто изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ Аврупо метавонад қарор кунад, ки ба бозори нафти Русия баргардад, аммо дар самти муқобил ҳаракат мекунад.