Мишустин: Ҳамкориҳои байни биржавӣ бо БРИКС ва ИИАО нархгузориро тақвият медиҳад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин.
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2026
Обуна шудан
Сарвазири Русия қайд кард, ки биржаҳои молии Русия як ниҳоди махсуси иқтисодӣ мебошанд, ки рақобатро тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ахиран дар як форум гуфт, ки ҳамкориҳои байнибиржавӣ бо шарикон дар доираи БРИКС ва Иттиҳзодияи иқтисодии АвруОсиё ҳар сол босуръат рушд мекунад.
“Ин имкониятҳои навро барои нархгузорӣ дар тиҷорати маҳсулоти нафтӣ ва ғалладонагӣ ва афзоиши гардиши тиҷорат фароҳам меорад", - гуфт сарвазири Русия.
Ба гуфтаи вай, ҳамкории байнибиржавӣ ба таъсиси платформаи IT, автоматикунонии системаҳо, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар логистика мусоидат мекунад ва инчунин ба ҳукумат дар татбиқи қарорҳои муҳими идоракунӣ дар бозори молҳо кӯмак мерасонад.
"Биржаҳои молҳои Русия як ниҳоди махсуси иқтисодӣ мебошанд, ки рақобатро дар кишвари мо тақвият медиҳад. Онҳо дастрасии молҳоро барои тиҷорат таъмин мекунанд, нишондиҳандаҳои объективии нархҳоро эҷод мекунанд ва тавозуни байни пешниҳод ва талаботро нигоҳ медоранд ва ба истеҳсолкунандагон дар банақшагирии дақиқтари фаъолияташон кӯмак мекунанд", - афзуд Мишустин.
Блокнот и ручка с логотипом Евразийской экономической комиссии ЕЭК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2026
ИИАО рӯйхати молҳоеро, ки барои хариди давлатӣ мувофиқанд, васеъ кард
Сарвазири Русия изҳори итминон кард, ки ин чорабинӣ таҷрибаҳои беҳтаринро муаррифӣ мекунад ва ғояҳои нав амалӣ карда мешаванд, ки тиҷорати биржавиро минбаъд рушд медиҳад ва иқтисодиёти миллиро тақвият медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0