https://sputnik.tj/20260320/barnoma-donishgoh-osiyo-markazi-muvaqqatan-qat-1076197918.html
Бархе аз барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуданд
Бархе аз барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қатъи барзе аз барномаҳои таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дод
2026-03-20T16:24+0500
2026-03-20T16:24+0500
2026-03-20T16:24+0500
маориф
дар тоҷикистон
донишгоҳ
қатъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/14/1076201491_0:171:2048:1323_1920x0_80_0_0_1908719507345f5ff85a7c8b9424bd34.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф оид ба натиҷаи баррасии дархости даврии Донишгоҳ ҷиҳати тамдиди иҷозатномаҳо оид ба пешбурди фаъолияти таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) огоҳинома гирифт.Донишгоҳ (ММКД) дар асоси натиҷаи баррасии мазкур барномаҳои таълимии марказҳои омӯзишии ММКД-ро дар Тоҷикистон ногузир боз дошт.Шунавандагони барномаҳои зикршуда огоҳ гардидаанд, ки машғулиятҳо то гирифтани тавзеҳоти иловагӣ мавқуф гузошта мешаванд.Чунин вазъ ба фаъолияти маъмурӣ ва дигар фаъолиятҳои ҳаррӯзаи марказҳои омӯзишии ММКД таъсир намерасонад."Айни замон, Донишгоҳ натиҷаҳои баррасиро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, зимнан бо мақомоти Тоҷикистон муколамаи созандаро идома медиҳад, то ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва маъмурии масъала, аз ҷумла имкониятҳои минбаъдаи иҷозатномадиҳии ММКД бо ҳамоҳангӣ баррасӣ ва мушаххас карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.Донишгоҳ кӯшиш мекунад, ки вазъияти баамаломадаро бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, манфиатҳои шумораи зиёди шунавандагон, ки дар барномаҳои ММКД таҳсил мекунанд, инчунин омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар амалисозии ин барномаҳо саҳм мегузоранд, ҳамаҷониба ба инобат гирад.Қобили зикр аст, ки ин тасмим ба барномаҳои таълимии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотии Донишгоҳ таъсир нахоҳад расонд ва барномаҳои мазкур чун пештара идома хоҳанд ёфт.Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар тӯли зиёда аз ду даҳсола ба сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Афғонистон имкониятҳои таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисосро фароҳам овардааст.Дар ин давра танҳо дар Тоҷикистон зиёда аз шасту як ҳазор нафар шунаванда дар барномаҳои ММКД таҳсил намуда, дар самтҳои рушди касбӣ, соҳибкорӣ, фанҳои дақиқ, забонҳо, технологияҳои рақамӣ ва таҳсилоти касбӣ малакаҳои амалиро аз худ намудаанд.Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 дар асоси Созишномаи байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Имомати Исмоилӣ таъсис ёфтааст.Донишгоҳ аз замони таъсисёбӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ ва шарикони миллӣ барои густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рушди тадқиқоти илмӣ бо мақсади таҳкими сармояи инсонӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият менамояд.
https://sputnik.tj/20260310/tojikiston-se-donishgoh-nav-paydo-1075897109.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/14/1076201491_213:0:2033:1365_1920x0_80_0_0_d446768372ff01ea26ead5f7e2ddb28e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, донишгоҳ, қатъ
маориф, дар тоҷикистон, донишгоҳ, қатъ
Бархе аз барномаҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шуданд
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти Тоҷикистон аз қатъи баъзе аз барномаҳои таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф оид ба натиҷаи баррасии дархости даврии Донишгоҳ ҷиҳати тамдиди иҷозатномаҳо оид ба пешбурди фаъолияти таълимии Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) огоҳинома гирифт.
Донишгоҳ (ММКД) дар асоси натиҷаи баррасии мазкур барномаҳои таълимии марказҳои омӯзишии ММКД-ро дар Тоҷикистон ногузир боз дошт.
Шунавандагони барномаҳои зикршуда огоҳ гардидаанд, ки машғулиятҳо то гирифтани тавзеҳоти иловагӣ мавқуф гузошта мешаванд.
Чунин вазъ ба фаъолияти маъмурӣ ва дигар фаъолиятҳои ҳаррӯзаи марказҳои омӯзишии ММКД таъсир намерасонад.
"Айни замон, Донишгоҳ натиҷаҳои баррасиро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, зимнан бо мақомоти Тоҷикистон муколамаи созандаро идома медиҳад, то ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва маъмурии масъала, аз ҷумла имкониятҳои минбаъдаи иҷозатномадиҳии ММКД бо ҳамоҳангӣ баррасӣ ва мушаххас карда шаванд", - омадааст дар хабарнома.
Донишгоҳ кӯшиш мекунад, ки вазъияти баамаломадаро бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, манфиатҳои шумораи зиёди шунавандагон, ки дар барномаҳои ММКД таҳсил мекунанд, инчунин омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар амалисозии ин барномаҳо саҳм мегузоранд, ҳамаҷониба ба инобат гирад.
Қобили зикр аст, ки ин тасмим ба барномаҳои таълимии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотии Донишгоҳ таъсир нахоҳад расонд ва барномаҳои мазкур чун пештара идома хоҳанд ёфт.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар тӯли зиёда аз ду даҳсола ба сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Афғонистон имкониятҳои таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисосро фароҳам овардааст.
Дар ин давра танҳо дар Тоҷикистон зиёда аз шасту як ҳазор нафар шунаванда дар барномаҳои ММКД таҳсил намуда, дар самтҳои рушди касбӣ, соҳибкорӣ, фанҳои дақиқ, забонҳо, технологияҳои рақамӣ ва таҳсилоти касбӣ малакаҳои амалиро аз худ намудаанд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соли 2000 дар асоси Созишномаи байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Имомати Исмоилӣ таъсис ёфтааст.
Донишгоҳ аз замони таъсисёбӣ дар ҳамкории зич бо мақомоти давлатӣ ва шарикони миллӣ барои густариши дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рушди тадқиқоти илмӣ бо мақсади таҳкими сармояи инсонӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият менамояд.