https://sputnik.tj/20260319/emomali-rahmon-mardumi-tojik-sarishtakori-davat-1076173352.html
Ид тӯй нест: Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сариштакорӣ даъват кард
Ид тӯй нест: Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сариштакорӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзӣ, рӯзгори босаодат ва сулҳу осоиш таманно кард 19.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-19T14:34+0500
2026-03-19T14:34+0500
2026-03-19T17:49+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
президент
иди рамазон
таҷлил аз иди рамазон
иди рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170473_260:383:1856:1280_1920x0_80_0_0_18339aedf2fd91a22f5a1dc830c708de.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, ба сариштакорӣ даъват кард.Дар паёми шодбошии худ, президант қайд кард, ки имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли давлатиамон рост омад.Ӯ хотирнишон кард, ки ин ид аз суннатҳои неке, ба монанди хайру саховат кардан ба ниёзмандон иборат аст ва аз Қуръони карим мисол овард.Агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, гуфтааст кишвардор.Президент ёдовар шуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" низ масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон таъкид шудааст.Яъне ба ҷойи оростани дастархони серхарҷи идона ва намоишкориву исрофкорӣ, ки зарари маҳз аст, бояд дар фикри он бошанд, ки фарзандони худро дар муҳити солиму созгори оилавӣ тарбия намоянд, барои онҳо ва аҳли оилаи худ шароити беҳтари зиндагиро муҳайё созанд ва дигар амалҳои хайру савобро анҷом диҳанд.Зиёрати падару модар, калонсолону хешовандон, аёдати беморону азодорон, дуо ба руҳи гузаштагон ва анҷом додани дигар амалҳои хайру рафтори шоиста аз сифатҳои маънавию фарҳангии ин рӯз ба шумор мераванд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/53103
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170473_114:0:1935:1366_1920x0_80_0_0_c0826bf8491d7c248b08b1cc93b49d7f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, президент, иди рамазон, таҷлил аз иди рамазон, иди рамазон
дар тоҷикистон, рустами эмомалӣ, президент, иди рамазон, таҷлил аз иди рамазон, иди рамазон
Ид тӯй нест: Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сариштакорӣ даъват кард
14:34 19.03.2026 (Навсозишуда: 17:49 19.03.2026) Эмомалӣ Раҳмон ба хонадони тоҷикистониён ва ҳамватанони бурунмарзӣ, рӯзгори босаодат ва сулҳу осоиш таманно кард
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, ба сариштакорӣ даъват кард.
Дар паёми шодбошии худ, президант қайд кард, ки имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва таҷлили 35-умин солгарди истиқлоли давлатиамон рост омад.
Ӯ хотирнишон кард, ки ин ид аз суннатҳои неке, ба монанди хайру саховат кардан ба ниёзмандон иборат аст ва аз Қуръони карим мисол овард.
"Ҳар ки некие оварад, ӯро даҳчанд подош аст ва ҳар ки бадие оварад, ба ҷуз мисли он ҷазо дода нахоҳад шуд".
Агар садақаи Фитр мувофиқи таъйиноти воқеии худ, яъне ба ятимону маъюбон, беморон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва дигар шахсони ниёзманд бо эҳсоси сидқу меҳрубонӣ анҷом дода шавад, савоби бештар дорад ва ин амал, бешубҳа, ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати милливу эътиқодӣ ва суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат мекунад, гуфтааст кишвардор.
Президент ёдовар шуд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" низ масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон таъкид шудааст.
"Ҳамватанони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки ид тӯй нест, балки як маросими эътиқодӣ мебошад ва сарфу хароҷоти зоҳирпарастона дар ин айём, ки хилофи суннатҳои сарфаю сариштакории мардуми бостонии мо мебошад, умуман зарурат надорад", - таъкид кардааст кишвардор.
Яъне ба ҷойи оростани дастархони серхарҷи идона ва намоишкориву исрофкорӣ, ки зарари маҳз аст, бояд дар фикри он бошанд, ки фарзандони худро дар муҳити солиму созгори оилавӣ тарбия намоянд, барои онҳо ва аҳли оилаи худ шароити беҳтари зиндагиро муҳайё созанд ва дигар амалҳои хайру савобро анҷом диҳанд.
Зиёрати падару модар, калонсолону хешовандон, аёдати беморону азодорон, дуо ба руҳи гузаштагон ва анҷом додани дигар амалҳои хайру рафтори шоиста аз сифатҳои маънавию фарҳангии ин рӯз ба шумор мераванд.