Русия барои муоинаи тиббии муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе ташкилоти махсус таъсис медиҳад

© SputnikМедицинское учреждение. Иллюстративное фото
Медицинское учреждение. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2026
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Русия эълон кард, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони тоҷик дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Муовини вазири тандурустии Русия Олег Салагай эълон кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар Русия кор кунанд, метавонанд дар як ташкилоти махсуси Русия дар ҷумҳурӣ аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
"Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки чунин муоинаҳои тиббӣ аз ҷониби як ташкилоти тиббии Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир хоҳад буд, гузаронида мешаванд", - гуфт Салагай дар ҷаласаи Кумитаи Шӯрои Федератсия.
Ба гуфтаи вай, дар созишнома инчунин муқаррар карда мешавад, ки қоидаҳои амалкунандаи чунин ташкилот дар Русия барои фаъолияти он дар Тоҷикистон пурра риоя карда мешаванд.
"Ин (созишнома), пеш аз ҳама, чораҳои пешгирикунанда аст, ки барои кишвари мо зарур мебошад, то аз вуруди шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳои барои дигарон хатар доранд, пешгирӣ карда шавад", - гуфт Салагай.
Паспорт гражданина Российской Федерации и Конституция РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2025
Сиёсати нави муҳоҷират дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик чӣ маъно дорад
Вай афзуд, ки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ба созишномаҳои монанд бо Русия таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.
Қаблан ҳукумати Русия созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро дар бораи муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки бо мақсадҳои кор вориди Русия мешаванд, барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ пешниҳод карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0