https://sputnik.tj/20260317/rusiya-kishvarhoi-iiao-mahsuloti-kishovarzi-sodirot-1076086904.html
Русия ба кишварҳои ИИАО наздик ба 9 млрд доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард
Русия ба кишварҳои ИИАО наздик ба 9 млрд доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард
Sputnik Тоҷикистон
Содироти маҳсулоти кишоварзии Русия ба кишварҳои ИИАО нисбат ба соли 2024 аз ҷиҳати арзиш 23% афзоиш ёфтааст
2026-03-17T11:59+0500
2026-03-17T11:59+0500
2026-03-17T11:59+0500
ииао
авруосиё
содирот
кишоварзӣ
русия
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076087286_0:250:3072:1978_1920x0_80_0_0_595c8d10e21b197ffe53d3c12ddc6d25.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Дар соли 2025, Русия ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё беш аз 12,2 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки арзиши онҳо наздик ба 9 миллиард долларро ташкил медиҳад.Тибқи маълумоти Маркази федералии рушди содироти маҳсулоти кишоварзии Русия, содирот нисбат ба соли 2024 аз ҷиҳати арзиш 23% афзоиш ёфтааст.Ба иттилои ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда аз соли 2015 инҷониб аст рекордӣ будааст.Панҷ маҳсулоти асосии кишоварзӣ, ки дар соли 2025 ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз рӯи арзиш содирот шудаанд, инҳоянд:Русия ба Қазоқистон қариб 3,8 миллиард доллар маҳсулот содирот кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024 15% афзоиш ёфтааст.Се маҳсулоти асосии кишоварзӣ шакар (беш аз 340 миллион доллар), шоколад (беш аз 300 миллион доллар) ва қаннодӣ аз орд (беш аз 259,5 миллион доллар)-ро дар бар мегиранд.Содироти Русия ба Беларус дар маҷмӯъ беш аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 32% афзоиш ёфтааст.Содирот ба Қирғизистон аз 700 миллион доллар гузашт, ки афзоиши 25%-ро нишон медиҳад. Равғани офтобпараст, шоколад ва маҳсулоти қаннодии ордӣ бештар содирот шудааст.Интиқол ба Арманистон беш аз 470 миллион долларро ташкил медиҳад. Гандум, шоколад ва маҳсулоти қаннодӣ ва равғани офтобпараст се банди асосии даромади содиротӣ дар ин ҷо мебошанд.
https://sputnik.tj/20260316/iiao-hifz-kiberi-istemolkunandagon-taqviyat-1076063380.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076087286_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1d2dd3082f57a2f5787f192bcac6be05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, содирот, кишоварзӣ, русия, дар русия
ииао, авруосиё, содирот, кишоварзӣ, русия, дар русия
Русия ба кишварҳои ИИАО наздик ба 9 млрд доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард
Содироти маҳсулоти кишоварзии Русия ба кишварҳои ИИАО нисбат ба соли 2024 аз ҷиҳати арзиш 23% афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Дар соли 2025, Русия ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё беш аз 12,2 миллион тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кардааст, ки арзиши онҳо наздик ба 9 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Маркази федералии рушди содироти маҳсулоти кишоварзии Русия, содирот нисбат ба соли 2024 аз ҷиҳати арзиш 23% афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда аз соли 2015 инҷониб аст рекордӣ будааст.
Панҷ маҳсулоти асосии кишоварзӣ, ки дар соли 2025 ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аз рӯи арзиш содирот шудаанд, инҳоянд:
равғани офтобпараст – 8%;
шоколад ва маҳсулоти қаннодӣ – 7%;
Русия ба Қазоқистон қариб 3,8 миллиард доллар маҳсулот содирот кардааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024 15% афзоиш ёфтааст.
Се маҳсулоти асосии кишоварзӣ шакар (беш аз 340 миллион доллар), шоколад (беш аз 300 миллион доллар) ва қаннодӣ аз орд (беш аз 259,5 миллион доллар)-ро дар бар мегиранд.
Содироти Русия ба Беларус дар маҷмӯъ беш аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 32% афзоиш ёфтааст.
Содирот ба Қирғизистон аз 700 миллион доллар гузашт, ки афзоиши 25%-ро нишон медиҳад. Равғани офтобпараст, шоколад ва маҳсулоти қаннодии ордӣ бештар содирот шудааст.
Интиқол ба Арманистон беш аз 470 миллион долларро ташкил медиҳад. Гандум, шоколад ва маҳсулоти қаннодӣ ва равғани офтобпараст се банди асосии даромади содиротӣ дар ин ҷо мебошанд.