Мактаббачагони тоҷикро таътили тӯлонии баҳорӣ интизор аст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДевочки заплетают друг другу косички
Девочки заплетают друг другу косички - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2026
Обуна шудан
Мактаббачагони тоҷик рӯзҳои охирини тадрисро барои расидан ба истироҳатҳои баҳорӣ мешуморанд. Хонандагони синфҳои 1 то 11 то 29 март таътил хоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Чоряки сеюми таълимӣ барои мактаббачагони тоҷик ба охир мерасад.
Таътили баҳора дар саросари кишвар аз 20 то 29 март давом мекунад.
Дар ин давра, хонандагони ҳамаи синфҳо метавонанд истироҳат кунанд ва ба сайругашт, варзиш ва муошират вақт ҷудо кунанд.
Дар ҳамин ҳол донишҷӯён бошанд аз 20 то 26 истироҳат хоҳанд кард.
Барои маълумоти бештар, ба инфографикаи Sputnik Tajikistan нигаред.
© telegram Sputnik_Tajikistan / Гузариш ба медиабонкАллакай аз рӯзи ҷумъаи оянда, талабаҳои Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ мебароянд
Аллакай аз рӯзи ҷумъаи оянда, талабаҳои Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ мебароянд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2026
Аллакай аз рӯзи ҷумъаи оянда, талабаҳои Тоҷикистон ба таътили баҳорӣ мебароянд
Қобили зикр аст, ки Наврӯз анъанавӣ якчанд рӯз истироҳатро дар бар мегирад.
Имсол, бо назардошти рӯзҳои истироҳат ва ғайрикорӣ, таътил дар маҷмӯъ 10 рӯз - аз 20 то 29 март давом мекунад. Илова бар ин, ҷумҳурӣ рӯзи Иди Фитр (Иди Рамазон)-ро интизор аст - он 21 баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0