Сарбозони рус дар Тоҷикистон барои беморони вазнин хун супориданд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкНациональный день донора
Национальный день донора - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2026
Обуна шудан
Хуни ҷамъовардашуда ба табобати беморони дар ҳолати вазнин қарордошта дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Хизматчиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, барои беморони вазнин хун доданд.
Тибқи иттилои Департаменти ҳамкории шаҳрвандӣ ва низомии Вазорати дифоъи Русия, беш аз сад нафар ихтиёран дар маъракаи хунсупорӣ иштирок карданд.
Ин чорабинӣ дар беморхонаи клиникии 451-уми Вазорати дифоъ баргузор шуд.
Барои гузаронидани ташхиси хун ду озмоишгоҳи сайёри махсус ҷудо карда шуданд. Таҷҳизотро Маркази илмии ҷумҳуриявии хуни Вазорати тандурустии Тоҷикистон таъмин кардааст.
Манбаъ қайд кард, ки хуни ҷамъовардашуда захираи хунро пурра мекунад ва ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва табобати беморони вазнин мусоидат мекунад.
Парад в Душанбе с участием Эмомоали Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2026
Низомиёни пойгоҳи 201-ум барои артиши Тоҷикистон ҳазорон мутахассис омода карданд
Пойгоҳи низомии гвардияи 201, ки дар Тоҷикистон ҷойгир аст, бузургтарин иншооти низомии Русия берун аз марзҳои он буда, дар ду шаҳр: Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.
Лентаи хабарҳо
0