Маълум шуд, ки кадом минтақаи Тоҷикистон бештар маҳсулоти саноатӣ тавлид мекунад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон сдал в эксплуатацию швейное и чулочно-носочное предприятие и обувной цех компании "Саноати Ашт"
Эмомали Рахмон сдал в эксплуатацию швейное и чулочно-носочное предприятие и обувной цех компании Саноати Ашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2026
Обуна шудан
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 507,87 сомониро ташкил медиҳад, аммо дас сатҳи манотиқ Суғд бо 1206 сомонӣ пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ 5332,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,4% зиёд аст.
Ба гузориши Оҷонсии омор, дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд 67,1% ва Хатлон 17% афзалият доранд.
Ҳамчунин дар ин давра, ҳиссаи шаҳри Душанбе дар саноати кишвар 9%, НТМ 6,6% ва ВМКБ 0,3% будааст.
Таъкид мешавад, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 507,87 сомониро ташкил медиҳад.
Агар истеҳсол ба ҳар сари аҳолӣ дар доираи минтақа таҳлил шавад, Суғд пешсаф буда, 1206 сомонӣ ба ҳар сари аҳолӣ рост меояд. Нишонҳиҳанда дар Душанбе 379,82, дар Хатлон 239,78, НТМ 156, 01 ва дар ВМКБ бошд, 67 сомонию 37 дирам аст.
"Амалишавии пай дар пайи чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи саноат дар кишвар ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатии минтақаҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуд, ки суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Суғд (125,1%), вилояти Хатлон (101,2%), ВМКБ (109,5%), НТҶ (97,1%) ва шаҳри Душанбе (117,8%) баробар гардид",- афзудаст манбаъ.
Таъкид мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ 3931 корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 363 адад, коркард 3395 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.
Производство зерновых и масличных культур. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Тоҷикистон дар Қазоқистон ду тарҳи бузурги саноатӣ роҳандозӣ кардааст
Аз ин шумора 1308 (33,3%) ба вилояти Суғд, 915 (23,3%) – ба вилояти Хатлон, 833 (21,2%) – ба шаҳри Душанбе, 682 (17,3%)- ба НТҶ ва 193 (4,9%) – ба ВМКБ рост меоянд.
Лентаи хабарҳо
0