Сенатори рус: вилояти Ленинград ба равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо Тоҷикистон алоқаманд аст

© Sputnik / Владимир ТрефиловСергей Перминов.
Сергей Перминов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2026
Обуна шудан
Вилояти Ленинград ва Тоҷикистон ният доранд ҳамкориҳои иқтисодиро густариш дода, гардиши молро ба маротиб афзоиш диҳанд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Сенатори рус аз вилояти Ленинград Сергей Перминов, ахиран дар бораи рушди ҳамкориҳо байни вилояти Ленинград ва Тоҷикистон изҳори назар кард.
Сенатори рус дар суҳбар бо “ivbg.ru” дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои мустақими иқтисодӣ бо шарикони кишварҳои ИДМ ва кадом соҳаҳои ҳамкорӣ умедбахшанд таъкид кард.
"Вилояти Ленинград хеле босуръат рушд мекунад ва ба густариши робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла бо кишварҳои узви ИДМ манфиатдор аст. Равобит бар асоси баробарӣ ва манфиати мутақобила асос ёфтаанд. Минтақа пойгоҳи қавии саноатӣ дорад, ки маҳсулоти он на танҳо дар кишвари мо, балки дар берун аз марзҳои ИДМ низ талабот дорад", - гуфт Сергей Перминов.
Оқои Перминов таъкид кард, ки Тоҷикистон шарики муҳими вилояти ленингарди Русия аст.
Вай гуфт, моҳи июни соли гузашта созишномаи ҳамкорӣ дар як қатор соҳаҳо ба имзо расид, ки ҳоло муфассалтар баррасӣ мешавад.
Встреча Посла Республики Таджикистан с Губернатором Санкт -Петербурга. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2026
Санкт-Петербургу Тоҷикистон ҳамкориро дар бахши тандурустӣ ва IT тақвият мебхшанд
“Ҳарду ҷониб воқеан ба ин манфиатдоранд ва аллакай чораҳои мушаххасро таҳия мекунанд. Дарки возеҳи масири рушд вуҷуд дорад”, гуфт сенатор.
Вай илова кард, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ИДМ мантиқӣ аст.
"Инҳо ҳамсояҳои наздиктарини мо ҳастанд, ки мо бо онҳо робитаҳои зиёде дрем ва ин муоширатро содда мекунад ва таблиғи маҳсулоти моро осон мекунад. Ман итминон дорам, ки сифати онҳо, бахусус дар бахши кишоварзӣ, аз ҷониби мардуми Тоҷикистон баҳои баланд хоҳад гирифт", - хулоса кард Сергей Перминов.
Ёдовар мешавем, ки сафири Тоҷикистон дар Русия ахиран ба Санкт-Петербург сафар кард ва бо волии Ленинград Александр Дрозденко вдидору гуфтугӯ кард.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки рафту омади тиҷоратиро фаъолтар гардонанд, робитаҳои содиротиро, пеш аз ҳама дар бахши кишоварзӣ ва сохтмон, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дастгирии забони русиро тақвият диҳанд.
Ин кор дар доираи созишномаи ҳамкорӣ, ки соли 2025 имзо шудааст, анҷом дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0