https://sputnik.tj/20260313/turkiya-mizboni-muzokirot-ukraina-1076007373.html
Туркия омода аст, ки мизбони музокирот дар бораи Украина гардад
Туркия омода аст, ки мизбони музокирот дар бораи Украина гардад
Sputnik Тоҷикистон
Туркия ба ҷонибҳо дар бораи омодагии худ барои мизбонии музокирот дар бораи Украина хабар додааст
2026-03-13T19:19+0500
2026-03-13T19:19+0500
2026-03-13T19:19+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
дар русия
украина
туркия
музокирот
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069287041_185:0:3826:2048_1920x0_80_0_0_0f5e1da24ad934c74ab45dd0e3cdd010.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ҷониби Туркия ба иштирокчиёни музокирот оид ба ҳалли низоъ дар Украина дар бораи омодагии худ барои мизбонии онҳо хабар додааст ва аз ҷонибҳо интизори қарорҳои мушаххас аст, гуфт як манбаи дипломатӣ ба РИА Новости.Қаблан, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон изҳор дошт, ки Анқара омода аст бори дигар барои музокирот дар бораи ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина шароит фароҳам оварад."Мо омодагии худро барои мизбонии музокирот изҳор кардем. Мо кишвари мизбон ҳастем ва худи ҷонибҳо макон ва санаро муайян мекунанд. Дар мавриди худамон гӯем, мо омодаем", - гуфт як манбаъи оҷонсӣ.Чунон ки қаблан як манбаи дипломатии Туркия ба РИА Новости хабар дода буд, Туркия дар доираи талошҳои миёнҷигарии худ барои ҳалли низоъ дар Украина тамосҳоро бо Маскав ва Киев идома медиҳад ва равзанаи имконият барои музокирот боқӣ мемонад.Русия ва Украина қаблан се даври музокироти мустақимро дар Истанбул баргузор карданд. Дар натиҷа, мубодилаи асирон сурат гирифт. Ғайр аз ин, Русия ҷасадҳои сарбозони кушташудаи украиниро ба режими Киев супурд. Тарафҳо инчунин лоиҳаҳои ёддоштҳоро дар бораи ҳалли низоъ мубодила карданд.
https://sputnik.tj/20260309/vao-ia-muzokiroti-ukraina-sol-2027-anjom-1075882844.html
русия
украина
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/18/1069287041_477:0:3208:2048_1920x0_80_0_0_a2fb27c3d0fb748f4f4d3dadd6c60876.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, украина, туркия, музокирот, амалиёти вижа
русия, дар русия, украина, туркия, музокирот, амалиёти вижа
Туркия омода аст, ки мизбони музокирот дар бораи Украина гардад
Туркия ба ҷонибҳо дар бораи омодагии худ барои мизбонии музокирот дар бораи Украина хабар додааст
ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Ҷониби Туркия ба иштирокчиёни музокирот оид ба ҳалли низоъ дар Украина дар бораи омодагии худ барои мизбонии онҳо хабар додааст ва аз ҷонибҳо интизори қарорҳои мушаххас аст, гуфт як манбаи дипломатӣ ба РИА Новости.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳоқон Фидон изҳор дошт, ки Анқара омода аст бори дигар барои музокирот дар бораи ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина шароит фароҳам оварад.
"Мо омодагии худро барои мизбонии музокирот изҳор кардем. Мо кишвари мизбон ҳастем ва худи ҷонибҳо макон ва санаро муайян мекунанд. Дар мавриди худамон гӯем, мо омодаем", - гуфт як манбаъи оҷонсӣ.
Чунон ки қаблан як манбаи дипломатии Туркия ба РИА Новости хабар дода буд, Туркия дар доираи талошҳои миёнҷигарии худ барои ҳалли низоъ дар Украина тамосҳоро бо Маскав ва Киев идома медиҳад ва равзанаи имконият барои музокирот боқӣ мемонад.
Русия ва Украина қаблан се даври музокироти мустақимро дар Истанбул баргузор карданд. Дар натиҷа, мубодилаи асирон сурат гирифт. Ғайр аз ин, Русия ҷасадҳои сарбозони кушташудаи украиниро ба режими Киев супурд. Тарафҳо инчунин лоиҳаҳои ёддоштҳоро дар бораи ҳалли низоъ мубодила карданд.