Мақомдорони ноуҳдабаро аз вазифа сабукдӯш мешаванд

© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской областиЗаседание рабочей группы под председательством заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Усмонали Усмонзоды.
Заседание рабочей группы под председательством заместителя Премьер-министра Республики Таджикистан Усмонали Усмонзоды.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2026
Обуна шудан
Муовини сарвазири Тоҷикистон супориш додааст, ки роҳбарони шабакаҳои барқ, муовинони онҳо ва нозирону назоратчиёне, ки аз уҳдаи вазифа намебароянд, аз кор озод карда шаванд
ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik. Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода аз мақомдорон бахши энергетика хост, барои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва таъмини назорати ҷиддӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар ҷаласае дар вилояти Хатлон масъалаҳои пешгирии талафоти неруи барқ, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии он ва натиҷаи фаъолияти шабакаҳои барқ дар ду моҳи аввали сол муҳокима шудааст.
Баъд аз гузориши мақомдорони тоҷик дар ин ҷаласа, маълум шуд, ки сатҳи талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ ба назар мерасад.
Муовини сарвазири кишвар дар ин ҷаласа аз масъулин хост роҳбарони ноуҳдабаро дар соҳаи энержиро аз вазифа озод кунанд.
Электрическая лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2026
Вазорати энергетика ба сокинон истифодаи қандилҳои диодиро тавсия дод
"Нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ, муовинони онҳо, инчунин нозирону назоратчиёне, ки дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камбудӣ нишон медиҳанд ё аз уҳдаи вазифа баромада наметавонанд, чораҳои қатъӣ андешида шуда, дар ҳолати зарурӣ аз вазифа озод карда мешаванд", - гуфтаанд дар маҷлис.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки барои паст намудани талафоти неруи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии он, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва таъмини назорати ҷиддӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Лентаи хабарҳо
0