https://sputnik.tj/20260312/saidzoda-faoliyat-donishgohho-rusiya-tojikiston-1075954425.html
Саидзода аз фаъолияти бо муваффақи филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон хабар дод
Саидзода аз фаъолияти бо муваффақи филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи илм ва технологияи МИСИС ва Институти энергетикаи Маскав бомуваффақият фаъолият мекунанд
2026-03-12T11:43+0500
2026-03-12T11:43+0500
2026-03-12T11:43+0500
дар тоҷикистон
русия
донишгоҳ
маориф
таҳсил
квотаҳои таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063124836_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_292cd7e6e11c9329b5e26df2d8faa357.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дар Русия квотаҳои таҳсилоти барои шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол афзоиш хоҳад ёфт.Айни замон беш аз 24 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода зимни суханронӣ дар конфронси аввали вазирони Созмони байналмилалии забони русӣ, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шуд, хабар дод.Ба гуфтаи вай, филиалҳои донишгоҳҳои бузурги Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав, дар ҷумҳурӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон филиалҳои Донишгоҳи илм ва технологияи МИСИС, Институти энергетикаи Маскав ва ғайра бо мувафақият фаъолият доранд.Ҷудошавии квотаҳои таҳсилотӣ дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи фармоне, ки дар Русия дар соли 2013 содир шуда буд, амалӣ карда мешавад. Барои соли нави таҳсил барои ҷумҳурӣ квотаи 1000 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст.Шартномаи таъсиси Созмони Байналмилалии Забони Русӣ 13 октябри соли 2023 дар Бишкек аз ҷониби сарони давлатҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон имзо шуда, аллакай барои ҳамаи ин кишварҳо эътибор пайдо кардааст.Ин созмон ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобилан судмандро байни кишварҳои Иттиҳод дар нигоҳдорӣ ва таблиғи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ ва воситаи муошират, ки бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамоҳангии байни миллатҳо, эътимод ва фаҳмиш асос ёфтааст, тақвият хоҳад дод.
https://sputnik.tj/20251110/grigorev-zaboni-rusi-munosibot-tojikiston-rusiya-1072818504.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/06/1063124836_39:0:1176:853_1920x0_80_0_0_9f0cd16086e91be37bcbd198cc46a3d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, донишгоҳ, маориф, таҳсил, квотаҳои таҳсил
дар тоҷикистон, русия, донишгоҳ, маориф, таҳсил, квотаҳои таҳсил
Саидзода аз фаъолияти бо муваффақи филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон хабар дод
Дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи илм ва технологияи МИСИС ва Институти энергетикаи Маскав бомуваффақият фаъолият доранд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Дар Русия квотаҳои таҳсилоти барои шаҳрвандони Тоҷикистон сол аз сол афзоиш хоҳад ёфт.
Айни замон беш аз 24 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
Дар ин бора вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода зимни суханронӣ дар конфронси аввали вазирони Созмони байналмилалии забони русӣ, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор шуд, хабар дод.
"Квотаи таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия сол аз сол афзоиш меёбад - аз 618 ҷой дар соли 2017 то 1000 ҷой дар соли таҳсили 2024-2025. Айни замон беш аз 24 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд”, - қайд кард вазир.
Ба гуфтаи вай, филиалҳои донишгоҳҳои бузурги Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав, дар ҷумҳурӣ бомуваффақият фаъолият мекунанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон филиалҳои Донишгоҳи илм ва технологияи МИСИС, Институти энергетикаи Маскав ва ғайра бо мувафақият фаъолият доранд.
Ҷудошавии квотаҳои таҳсилотӣ дар Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон мувофиқи фармоне, ки дар Русия дар соли 2013 содир шуда буд, амалӣ карда мешавад. Барои соли нави таҳсил барои ҷумҳурӣ квотаи 1000 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ҷудо карда шудааст.
"Созмони байналмилалии забони русӣ дар таблиғи забони русӣ ҳамчун воситаи муоширати байнидавлатӣ, илм ва фарҳанг нақши калидӣ дорад", - таъкид кард вазир.
Шартномаи таъсиси Созмони Байналмилалии Забони Русӣ 13 октябри соли 2023 дар Бишкек аз ҷониби сарони давлатҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон имзо шуда, аллакай барои ҳамаи ин кишварҳо эътибор пайдо кардааст.
Ин созмон ҳамкории ҳамаҷониба ва мутақобилан судмандро байни кишварҳои Иттиҳод дар нигоҳдорӣ ва таблиғи забони русӣ ҳамчун забони муоширати байнидавлатӣ ва воситаи муошират, ки бар асоси принсипҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамоҳангии байни миллатҳо, эътимод ва фаҳмиш асос ёфтааст, тақвият хоҳад дод.