Александр Рибас: Беш аз 380 соҳибкори рус ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд

© Sputnik / Владимир ФедоренкоТорговый представитель Российской Федерации в Республике Таджикистан Александр Рыбас.
Торговый представитель Российской Федерации в Республике Таджикистан Александр Рыбас.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2026
Обуна шудан
Айни замон беш аз 70 минтақаи Русия бо манотиқи Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва иқтисодӣ барқарор кардаанд
ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Соҳибкорони рус ба Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 380 дархост бораи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо соҳибкорони маҳалӣ равон кардаанд.
Дар ин бора Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС хабар дод.
"Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон беш аз 380 дархости расмӣ аз соҳибкорони рус, ки ба сармоягузорӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо Тоҷикистон манфиатдоранд, дарёфт кардаанд", - гуфт оқои Рибас.
Ба гуфтаи вай, дархостҳо ба соҳаҳои гуногуни тиҷорат, аз ҷумла қоидаҳои гумруку андоз, бақайдгирии тиҷорат, гирифтани маълумоти истинодӣ ва албатта, ёфтани шарикони тиҷоратӣ рабт доштанд.
Намояндаи тиҷоратии Русия илова кард, ки дар натиҷаи фаъолияти намояндагӣ афзоиши назарраси тиҷорат миёни Русия ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст", - афзуд Рибас.
Вай таъкид кард, ки айни замон беш аз 70 минтақаи Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва иқтисодӣ барқарор кардаанд.
Завод ТАЛКО Голд в Таджикистане. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Русия ба нақши стратегиаш дар иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард
Роҳбари намояндагӣ илова кард, ки ҳоло сармояи ҷамъшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.
“Ин маблағҳо асосан ба энергетика, истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, сохтмон, коммуникатсия ва саноати сабук равона карда шудаанд”, - шарҳ дод раҳбари намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.
Ба андешаи вай, динамикаи робитаҳои дуҷониба дар сатҳи хеле хуб боқӣ мемонад.
"Ин ба мо имкон медиҳад, ки ҳамкориро дар аксари соҳаҳо бомуваффақият густариш диҳем", - шарҳ дод ӯ.
Роҳбари намояндагӣ як қатор ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштараки калидиро, аз ҷумла имзои созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси як парки саноатӣ дар ҷумҳурӣ, ки "барои пешбурди ҳамкории саноатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ тарҳрезӣ шудааст", ёдовар шуд.
Лентаи хабарҳо
0