https://sputnik.tj/20260311/roh-moshingard-rushon-varshez-tamir-1075919144.html
Роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез таъмир мешавад
Роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез таъмир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ин роҳ қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад
2026-03-11T09:32+0500
2026-03-11T09:32+0500
2026-03-11T09:32+0500
нақлиёт
вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон
таъмири роҳ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073120496_237:255:2018:1257_1920x0_80_0_0_a26d9fb761da4c4b626e54c6e3bf7b61.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез баррасӣ шуд.Татбиқи ин лоиҳаро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии мудири амалиёти минтақавӣ Фарид Аҳмад Хон муҳокима кард.Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.Азим Иброҳим гуфтааст, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад.Ин роҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дарозии роҳи мошингарди "Рӯшон –Варшез" 235 км-ро ташкил дода, он ба категорияи 3-юми роҳҳо дохил мебошад.Ин тарҳ марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар марҳилаи яум 40 км ва дар марҳилаи дуюм 33 км роҳ таҷдид ва навсозӣ карда мешавад.Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи ҷадиди роҳсозии "роҳҳои сабз" амалӣ мешавад.Ин тарҳ, ки сохтани пайраҳаҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбонро дар назар дорад, айни замон дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 км) амалӣ шуда истодааст.Ҳамин тавр, роҳи Данғара - Гулистон аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20211116/masrafi-besh-az-20-million-somoni-az-suyi-sohibkoroni-bokhtar-baroi-tamiri-roh-1043565537.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073120496_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_a13333145ab880af1c1f82c7a153a792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақлиёт, вазорати нақлиёт, дар тоҷикистон, таъмири роҳ, вмкб
нақлиёт, вазорати нақлиёт, дар тоҷикистон, таъмири роҳ, вмкб
Роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез таъмир мешавад
Ин роҳ қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез баррасӣ шуд.
Татбиқи ин лоиҳаро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии мудири амалиёти минтақавӣ Фарид Аҳмад Хон муҳокима кард.
Дар ин бора, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Азим Иброҳим гуфтааст, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо" мебошад.
Ин роҳ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Дарозии роҳи мошингарди "Рӯшон –Варшез" 235 км-ро ташкил дода, он ба категорияи 3-юми роҳҳо дохил мебошад.
Ин тарҳ марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар марҳилаи яум 40 км ва дар марҳилаи дуюм 33 км роҳ таҷдид ва навсозӣ карда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи ҷадиди роҳсозии "роҳҳои сабз" амалӣ мешавад.
Ин тарҳ, ки сохтани пайраҳаҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбонро дар назар дорад, айни замон дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 км) амалӣ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, роҳи Данғара - Гулистон аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.