Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Бортников изҳор дошт, ки хадамоти иктишофии Украина аз воқеият дур мондааст

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкДиректор Федеральной службы безопасности РФ Александр Бортников на заседании коллегии ФСБ
Директор Федеральной службы безопасности РФ Александр Бортников на заседании коллегии ФСБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2026
Обуна шудан
Бортников: Украина аз сабаби он, ки барои ҳама чиз иҷозат гирифтааст, аз воқеият дур рафтааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Хадамоти иктишофии Украина ва "луъбатбозони” хориҷии онҳо, ки ҳамлаҳои террористиро алайҳи Русия ба нақша гирифтаанд, зоҳиран аз сабаби "иҷозат доштан ба ҳама чиз" аз воқеият дур мондаанд.
Дар ин бора, раиси Кумитаи миллии зиддитеррористӣ ва директори Хадамоти Федеролии Бехатарии Русия, Александр Бортников изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки ин сатҳи комилан дигар ва баландтари таҳдиди террористиро ифода мекунад.
"Ҳоло, илова бар созмонҳои террористии байналмилалӣ, мо бо хадамоти иктишофии Украина ва "луъбатбозони” хориҷии онҳо, ки зоҳиран аз сабаби "иҷозат доштан ба ҳама чиз" аз воқеият дур мондаанд, рӯбарӯ ҳастем. Ин сатҳи комилан дигар ва баландтари таҳдиди террористиро ифода мекунад", - гуфт Бортников дар мусоҳиба бо "Российская газета".
Ин суханонро Ботников ба муносибати 20-солагии Кумитаи миллии зиддитеррористӣ, ки рӯзи сешанбе изҳор кард.
Пештар, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова, изҳор дошт, ки режими Киев ба сатҳи як гурӯҳи террористии байналмилалӣ расидааст.
"Ман аз даҳҳо ҳазор коршиносони ҷаҳонӣ дар соҳаи терроризми байналмилалӣ сқоле кардам: Шумо ҳама дар куҷоед? Масалан, чаро дар Конфронси Мюнхен дар мавзӯи он ки чӣ гуна режими Киев аз як режими лӯхтак, ки вонамуд мекунад, ки демократӣ аст, ба як гурӯҳи террористии байналмилалӣ бо хусусиятҳои беназири худ - яъне як силсилаи неонатсистӣ - табдил ёфт, мизи мудаввар ё ҷаласаи панелӣ баргузор нашуд?", - гуфт ӯ дар барномаи "Бозии бузург"-и шабакаи якуми телевизиони Русия.
Дипломат шарҳ дод, ки вай дар бораи терроризми байналмилалӣ, ки аз силоҳ, пул ва дастгирии сиёсии берунӣ сарчашма мегирад, сухан меронад.
Брифинг официального представителя МИД России Марии Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Захарова: Зеленскийро дар Украина аллакай фашист меноманд
Дар баробари ин, муовини вазири корҳои хориҷӣ Дмитрий Любинский таъкид кард, ки Маскав аз ҷониби Ғарб хоҳиши воқеии муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризмро намебинад.
Баръакс, дипломат афзуд, ки силоҳҳои ин кишварҳо аз ҷониби неонатсистҳо барои ҳамла ба шаҳрвандони осоишта дар қаламрави Русия истифода мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0