https://sputnik.tj/20260309/toshkand-sababho-afzoish-sayyohi-tojikiston-uzbekiston-1075879914.html
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёду моҳӣ камтар шудааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёду моҳӣ камтар шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол истеҳсоли гӯшти чорво ва парранда афзуда, аммо моҳӣ камтар шудааст
2026-03-09T14:57+0500
2026-03-09T14:57+0500
2026-03-09T16:50+0500
дар тоҷикистон
гӯшт
моҳӣ
гӯшти мурғ
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052793185_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_326e073ba8b1362a8152037c925ff116.jpg
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Аз аввали соли 2026 дар Тоҷикистон тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд афзоиш ёфтааст.Ба гузори Оҷонси момори кишвар дар моҳия январ дар ҳама категорияи хоҷагиҳои кишвар 17515 тонна гӯшт истеҳсол шудааст Ба иттилои манбаъ, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8%-ро ташкил дод.Афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 7,6%, Суғд 6,8%, ВМКБ 2% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,6% зиѐд шудааст. Дар мавриди гӯшти парранда бошад, он ба дараҷаи соли гузашта мувофиқ буда, ба 3 ҳазор тонна қариб расидааст.Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумоти идорахои дахлдори бахши иқтисодии ҷумҳурӣ тамоюли афзудани истеҳсоли гӯшти парранда, асосан аз ҳисоби гӯшти мурғ мушоҳида мешавад, аммо он ҳанӯз талаботи дохилиро пурра қонеъ карда наметавонад.Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳи январи соли 2026-ум коҳиш ёфтааст.Дар ин давра ба маблағи 14,3 млн сомони маҳсулоти моҳипарварӣ истеҳсолшудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3% кам мебошад.Дар ин давра дар ҳама хоҷагиҳои моҳипарварии кишвар сайди моҳӣ 388,5 тоннаро ташкил намуд, ки аз он ҷумла дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 231,4 тонна, Суғд 62,6 тонна, ВМКБ 0,5 тонна, шаҳри Ваҳдат 88,3 тонна, Ҳисор 3 тонна, Рӯдакӣ 2,2 тонна ва шаҳри Турсунзода 0,5 тонна моҳӣ сайд шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/0d/1052793185_42:0:2773:2048_1920x0_80_0_0_5773c17e394573c57c04b4c34adb6e7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гӯшт, моҳӣ, гӯшти мурғ, истеҳсол
дар тоҷикистон, гӯшт, моҳӣ, гӯшти мурғ, истеҳсол
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшт зиёду моҳӣ камтар шудааст
14:57 09.03.2026 (Навсозишуда: 16:50 09.03.2026) Дар Тоҷикистон сар аз аввали сол истеҳсоли гӯшти чорво ва парранда афзуда, аммо моҳӣ камтар шудааст
ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Аз аввали соли 2026 дар Тоҷикистон тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд афзоиш ёфтааст.
Ба гузори Оҷонси момори кишвар дар моҳия январ дар ҳама категорияи хоҷагиҳои кишвар 17515 тонна гӯшт истеҳсол шудааст
Ба иттилои манбаъ, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,8%-ро ташкил дод.
Афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 7,6%, Суғд 6,8%, ВМКБ 2% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,6% зиѐд шудааст.
Дар мавриди гӯшти парранда бошад, он ба дараҷаи соли гузашта мувофиқ буда, ба 3 ҳазор тонна қариб расидааст.
Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумоти идорахои дахлдори бахши иқтисодии ҷумҳурӣ тамоюли афзудани истеҳсоли гӯшти парранда, асосан аз ҳисоби гӯшти мурғ мушоҳида мешавад, аммо он ҳанӯз талаботи дохилиро пурра қонеъ карда наметавонад.
Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар моҳи январи соли 2026-ум коҳиш ёфтааст.
Дар ин давра ба маблағи 14,3 млн сомони маҳсулоти моҳипарварӣ истеҳсолшудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,3% кам мебошад.
Дар ин давра дар ҳама хоҷагиҳои моҳипарварии кишвар сайди моҳӣ 388,5 тоннаро ташкил намуд, ки аз он ҷумла дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 231,4 тонна, Суғд 62,6 тонна, ВМКБ 0,5 тонна, шаҳри Ваҳдат 88,3 тонна, Ҳисор 3 тонна, Рӯдакӣ 2,2 тонна ва шаҳри Турсунзода 0,5 тонна моҳӣ сайд шудааст.