https://sputnik.tj/20260309/maqomoti-tojikiston-korkhona-faoliyat-1075869489.html
Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар соли 1991 чанд корхона фаъолият мекарду имрӯзҳо чанд
Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар соли 1991 чанд корхона фаъолият мекарду имрӯзҳо чанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли 1991 дар ҳудуди кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият мекард 09.03.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-03-09T10:41+0500
2026-03-09T10:41+0500
2026-03-09T10:41+0500
дар тоҷикистон
саноат
истеҳсол
коргоҳ
бунёд
фаъолият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_0:94:1819:1117_1920x0_80_0_0_8a234baa332b4606931458f917115b86.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар - Sputnik. Дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият мекард.Аммо ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ бо 92 ҳазору 927 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 198 корхона зиёд мебошад.Дар соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 396 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 13 ҳазору 113 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуд.Аз ин шумора дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 54 корхона бо 157 ҷойи кор, вилояти Суғд- 144 корхона бо 847 ҷойи кор, вилояти Хатлон- 85 корхона бо 700 ҷойи кор, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 50 корхона бо 290 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 63 корхона бо 428 ҷойи кор ифтитоҳ гардида.Дар ин давра корхонаҳои нав зиёда аз 198,75 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта буд, ки соли 2025 дар кишвар 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд.Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.Вай гуфт, агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шуд.Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шуд. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22%-ро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260212/sherali-kabir-tojikiston-rushdi-sanoat-idm-1075197067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033062393_76:0:1691:1211_1920x0_80_0_0_ab6b69a866f5063caf7b05a8ddcc3591.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, истеҳсол, коргоҳ, бунёд, фаъолият
дар тоҷикистон, саноат, истеҳсол, коргоҳ, бунёд, фаъолият
Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар соли 1991 чанд корхона фаъолият мекарду имрӯзҳо чанд
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон дар соли 1991 дар ҳудуди кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият мекард
ДУШАНБЕ, 9 мар - Sputnik. Дар соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият мекард.
Аммо ба иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба ҳолати 1 январи соли 2026 дар ҷумҳурӣ 3 ҳазору 972 корхонаи саноатӣ бо 92 ҳазору 927 ҷойи кор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 198 корхона зиёд мебошад.
Дар соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 396 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 13 ҳазору 113 ҷойи кор сохта, ба истифода дода шуд.
Аз ин шумора дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 54 корхона бо 157 ҷойи кор, вилояти Суғд- 144 корхона бо 847 ҷойи кор, вилояти Хатлон- 85 корхона бо 700 ҷойи кор, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ- 50 корхона бо 290 ҷойи кор ва дар шаҳри Душанбе 63 корхона бо 428 ҷойи кор ифтитоҳ гардида.
Дар ин давра корхонаҳои нав зиёда аз 198,75 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар гуфта буд, ки соли 2025 дар кишвар 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд.
Вай гуфт, агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯй маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон илова кард, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шуд. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22%-ро ташкил дод.