Парлумон аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасвиб кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкМногофункциональный миграционный центр, архивное фото
Многофункциональный миграционный центр, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2026
Обуна шудан
Муҳоҷирони тоҷик имкон пайдо мекунанд, дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия ҳаминҷо гиранд
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ахиран дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони ҷумурӣ барои ворид шудан ба ҳудуди Русия бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, қабул карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин созишнома ба муҳоҷирони тоҷик имкон медиҳад, дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро ҳаминҷо гиранд.
Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия аст, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар, дарёфти он пеш аз сафар ба Русия, "қоидаҳои расман бо кор таъмин шуданро осону соддатар мегардонад".
Государственный визит президента Владимира Путина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2025
Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон
Муҳоҷират, амният ва иқтисод: нуқоти асосӣ аз иҳзороти Раҳмон пас аз мулоқот бо Путин
Созишнома байни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи тасдиқи муоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Русия бо мақсади фаъолияти корӣ, ҳануз 9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.
Ин созишнома дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд ва интиқоли маблағ аз ҷониби онҳо барои хонаводаҳо ва иқтисоди кишвар нақши назаррас дорад.

Дар Русия солҳои ахир талабот ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои кор мераванд, шадидтар карда шуд. Аз ҷумла, гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои тасдиқи гирифтор набудан ба бемориҳои сироятӣ ва истеъмоли маводи нашъаовар шарти ҳатмӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0