Акция против ударов по Ирану в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо гӯё ба таҳдидҳои мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод. Эрон дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард.

Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз Абу-Дабӣ ба ватан баргаштанд

© Sputnik / Кирилл Зыков / Гузариш ба медиабонкВысотные здания в Абу-Даби.
Высотные здания в Абу-Даби. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2026
Обуна шудан
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз бозгашти беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози чартерӣ аз Абу-Дабӣ хаюар дод
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Дар шароити ноустувории вазъият дар Ховари Миёна 115 шаҳрванди Тоҷикистон бо парвози чартерӣ аз Абу-Дабӣ (АМА) ба ватан баргардонида шуданд.
Вазорати корҳои хориҷӣ, гуфт, ки парвозро шаби гузашта ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр анҷом додааст.
Қаблан, Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дода буд, ки 219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Эрон берун оварда шуд.
"Комиссияи доимии ҳукумати Тоҷикистон хуруҷи 219 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон, ки аллакай аз марзи ин кишварро таввасути Озарбойҷон ва Туркманистон убур карданд, ташкил кардааст", - гуфт Сҳроб Нуралӣ
Ба гуфтаи вай, 118 шаҳрванди Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон ва 111 нафар тавассути Туркманистон хоки Эронро тарк карданд.
Вай афзуд, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Эрон ва дигар кишварҳои минтақа мунтазам рӯйхати онҳоеро, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, тартиб медиҳанд ва барои интиқоли онҳо парвозҳои чартерии ширкати "Сомон Эйр" ташкил карда мешавад.
"Шаҳрвандоне, ки қасди бозгашт ба ватан бо ин парвозҳоро доранд, метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва бақайдгирӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Эрон, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Дубай, Кувайт, Уммон, Қатар, Озарбойҷон ва Туркманистон тамос гиранд", - қайд кард Суҳроб Нуралӣ.
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Тоҷикистон 219 шаҳрвандашро аз Эрон берун овард
Ёдовар мешавем, ки Исроил ва Иёлоти Муттаҳида 28 феврал амалиёти низомии васеъмиқёсро алайҳи Эрон оғоз карданд. Шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Теҳрон, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Кохи Сафед ин ҳамларо ба таҳдидҳои эҳтимолии мушакӣ ва ҳастаӣ аз ҷониби Эрон рабт дод.
Сипоҳи Посбонони Инқилоби Исломӣ дар бораи амалиёти ҷавобӣ эълон кард ва кишварҳои ҳамсояи арабӣ ҳамлаҳои мушакӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хабаргузории Меҳр, пойгоҳҳои низомии ИМА дар Баҳрайн, Урдун, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Якчанд кишвари минтақа фазои ҳавоии худро бастанд.
Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ дар ҳамла ба манзилаш кушта шудааст ва кишвар 40 рӯзи мотам эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0