https://sputnik.tj/20260304/norozigii-rasulzoda-barnomai-rushdi-shahri-kulob-1075749143.html
Норозигии Расулзода аз иҷро нашудани барномаи рушди шаҳри иҷтимоию иктисодии Кӯлоб
Норозигии Расулзода аз иҷро нашудани барномаи рушди шаҳри иҷтимоию иктисодии Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Тоҷикистон аз мақомоти Хатлон хост дар фурсати кӯтоҳтарин барои ба кор даровардани корхонаҳои бозмонда дар вилоят чора андешанд
2026-03-04T18:11+0500
2026-03-04T18:11+0500
2026-03-04T18:11+0500
дар тоҷикистон
сарвазир
иқтисод
кӯлоб
хатлон
қоҳир расулзода
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069378454_0:0:2488:1401_1920x0_80_0_0_1b4d99191f5f609b89cccb3539bcc158.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кӯлоб сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақомоти вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор намуд.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилоятӣи Хатлон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа сарвазири кишвар ёдовар шуд, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ Ҳукумати кишвар "Барномаи рушди иҷтимоию иктисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025" қабул кард.Сарвазир бо таасуф гуфт, ки ин барнома ба таври дилхоҳ иҷро нашудааст.Вай илова кард, ки соҳаи саноати шаҳри Кӯлоб бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудааст.Қоҳир Расулзода аз мақомоти вилоят барои дар фурсати кӯтоҳтарин ба кор даровардани ин корхонаҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба истифодаи пурраи имкониятҳои шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёду барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.Сарвазир масъулинро вазифадор кард, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру барои тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сарфаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ масъулияти бештар дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20260102/bunyodi-korkhona-dar-tojikiston-1074315008.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/19/1069378454_220:0:2488:1701_1920x0_80_0_0_1afe17668345e461145da59907feb59f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сарвазир, иқтисод, кӯлоб, хатлон, қоҳир расулзода, саноат
дар тоҷикистон, сарвазир, иқтисод, кӯлоб, хатлон, қоҳир расулзода, саноат
Норозигии Расулзода аз иҷро нашудани барномаи рушди шаҳри иҷтимоию иктисодии Кӯлоб
Сарвазири Тоҷикистон аз мақомоти Хатлон хост дар фурсати кӯтоҳтарин барои ба кор даровардани корхонаҳои бозмонда дар вилоят чора андешанд
ДУШАНБЕ, 4 мар – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Кӯлоб сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақомоти вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилоятӣи Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа сарвазири кишвар ёдовар шуд, ки барои беҳбуди вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ Ҳукумати кишвар "Барномаи рушди иҷтимоию иктисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025" қабул кард.
Сарвазир бо таасуф гуфт, ки ин барнома ба таври дилхоҳ иҷро нашудааст.
Вай илова кард, ки соҳаи саноати шаҳри Кӯлоб бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудааст.
“Ҳоло 5 корхона, аз ҷумла КВД "Зари Кӯлоб" ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Суматра СТК", "Ваҳдат текстайл", "Ресандаи Кӯлоб" ва "Элдорадо" аз фаъолият бозмондаанд”, гуфт сарвазир.
Қоҳир Расулзода аз мақомоти вилоят барои дар фурсати кӯтоҳтарин ба кор даровардани ин корхонаҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба истифодаи пурраи имкониятҳои шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, бунёду барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, зиёд намудани шумораи ҷойҳои корӣ, беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав ва таъмини афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Сарвазир масъулинро вазифадор кард, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру барои тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сарфаи неруи барқ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ масъулияти бештар дошта бошанд.