Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ИИАО дар соли 2025

© Sputnik / Валерий Морев / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых, архивное фото
Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2026
Обуна шудан
Дар соли 2025 дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиши устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 4 мар - Sputnik. Дар соли 2025 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нисбат ба соли гузашта 4,9% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дода, афзуд, ки ин омор ҳаҷми ҳосили хоҷагиҳои ҳамаи категорияҳоро фаро мегирад.
Афзоиш тақрибан дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мушоҳида шудааст:
Арманистон – 5,6%,
Қазоқистон – 5,9%,
Русия – 4,9%,
Қирғизистон – 2%,
Белорус – 0,2%.
Дар баробари ин дар ИИАО истехсоли тухм 4,5%, шир — 1,7% афзудааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Комиссияи иқтисодии АвруОсиё гуфт, ИИАО маблағгузории соҳаи кишоварзиро афзоиш хоҳад дод.
Экономический рост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
КИАО: Дар ду соли оянда афзоиши иқтисоди ИИАО 2,5% рушд хоҳад кард
Қаблан эълон шуда буд, ки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё механизми дастгирии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар комплекси агросаноатро низ роҳандозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0