https://sputnik.tj/20260302/vazorati-mehnati-tojikiston-taghyirothoi-qonuni-muhojirat-rusiya-1075688920.html
Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз тағйиротҳои нави қонуни муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод
Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз тағйиротҳои нави қонуни муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон гуфт, дар кадом сурат корфармоёни Русия метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ бекор кунанд
2026-03-02T16:41+0500
2026-03-02T16:41+0500
2026-03-02T16:41+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
русия
қавонин
тағйирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066192534_0:84:3341:1963_1920x0_80_0_0_655f60d57c9611b6afaa1666d5f8db6c.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 1 марти соли равон тибқи қавонини Русия рӯйхати асосҳо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ васеъ карда шуд.Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки аз 1 март корфармоён ҳуқуқ пайдо карданд, ки шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ дар ҳолате бекор намоянд, ки агар субъекти Русия нисбат ба намуди муайяни фаъолияти меҳнатии онҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки қаблан Кодекси меҳнатии Русия танҳо дар ҳолати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар сатҳи федералӣ имконияти қатъ намудани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ пешбинӣ мекард.“Тағйиротҳои воридшуда ин рӯйхатро бо асосҳое, ки ба қарорҳои мақомоти давлатии субъектҳои Русия вобастаанд, пурра менамоянд”, - зикр кардааст Намояндагӣ.Ин ниҳоди давлатӣ хотиррасон шудааст, ки аз соли 2015 субъектҳои Русия ҳуқуқ доранд ҳамасола нисбат ба ҷалби кормандони хориҷие, ки ба ин кишвар дар низоми бидуни раводид ворид шуда, дар асоси патент фаъолият мекунанд, барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ маҳдудият муқаррар намоянд.
https://sputnik.tj/20251126/siyosat-nav-muhojirat-rusiya-muhojiron-tojik-1073274821.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/0b/1066192534_479:0:3208:2047_1920x0_80_0_0_2e01f0b1eb15c3ce575af43f2a0816ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, қавонин, тағйирот
дар тоҷикистон, муҳоҷират, русия, қавонин, тағйирот
Вазорати меҳнати Тоҷикистон аз тағйиротҳои нави қонуни муҳоҷиратӣ дар Русия хабар дод
Мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон гуфт, дар кадом сурат корфармоёни Русия метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ бекор кунанд
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Намояндагӣ вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки аз 1 марти соли равон тибқи қавонини Русия рӯйхати асосҳо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шаҳрванди хориҷӣ васеъ карда шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ хабар додааст, ки аз 1 март корфармоён ҳуқуқ пайдо карданд, ки шартномаи меҳнатиро бо кормандони хориҷӣ дар ҳолате бекор намоянд, ки агар субъекти Русия нисбат ба намуди муайяни фаъолияти меҳнатии онҳо маҳдудият ҷорӣ намояд.
Мақомоти Тоҷикистон қайд намудааст, ки қаблан Кодекси меҳнатии Русия танҳо дар ҳолати ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳо дар сатҳи федералӣ имконияти қатъ намудани шартномаи меҳнатиро бо шаҳрванди хориҷӣ пешбинӣ мекард.
“Тағйиротҳои воридшуда ин рӯйхатро бо асосҳое, ки ба қарорҳои мақомоти давлатии субъектҳои Русия вобастаанд, пурра менамоянд”, - зикр кардааст Намояндагӣ.
Ин ниҳоди давлатӣ хотиррасон шудааст, ки аз соли 2015 субъектҳои Русия ҳуқуқ доранд ҳамасола нисбат ба ҷалби кормандони хориҷие, ки ба ин кишвар дар низоми бидуни раводид ворид шуда, дар асоси патент фаъолият мекунанд, барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти иқтисодӣ маҳдудият муқаррар намоянд.