Таъсиси Шуъбаи сапёрӣ-кинологӣ дар ВКД Душанбе

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкСоревнования кинологов в Красноярском крае. Иллюстративное фото
Соревнования кинологов в Красноярском крае. Иллюстративное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
Обуна шудан
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои таъмини кори Шуъбаи сапёрӣ-кинологӣ аз Белгия ва Олмон сагҳо ворид кардааст
ДУШАНБЕ, 2 мар – Sputnik. Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе шуъбачаи сапёрӣ-кинологии Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи пойтахт таъсис дода шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбехабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин шуӯъба бо мақсади пурзӯр намудани таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу ҷинояткорӣ, таъсис дода шудааст.
Қайд карда шудааст, ки ин сохтор бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла макони махсуси нигоҳубин ва парвариши сагҳои хизматӣ, шароити мусоиди корӣ барои ҳайати шахсӣ, техникаву таҷҳизоти муосири сапёрӣ таъмин гардидааст.
Ҳамчунин зикр карда шудааст, ки барои фаъолияти самараноки ин шуъба беҳтарин сагҳои хизматӣ аз киршварҳои Белгия ва Олмон таъмин гардидааст.
Эмомали Рахмон открыл Инновационный центр Министерства внутренних дел с комплексом служебных зданий и сооружений. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2025
Дар Душанбе Маркази инноватсионии ВКД Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Таъкид карда шудааст, ки шуъбачаи мазкур бо тартиби навбатдории шабонарӯзӣ фаъолият менамояд.
Қайдд карда мешавад, ки ҳайати шахсии он низ шабонарӯзи барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии хатарнок омода мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0