НБО "Роғун" 10 млрд кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВвод в эксплуатацию ЛЭП 220 кВ от НПО "Рогун" до подстанции "Рогун"
Ввод в эксплуатацию ЛЭП 220 кВ от НПО Рогун до подстанции Рогун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2026
Обуна шудан
Вазорати энергетикии Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ хабар дод
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Истеҳсоли барқ дар НБО "Роғун" дар умум ба 10 млрд кВт·соат расидааст.
‎Ду агрегати муваққатии Неругоҳи барқи обии "Роғун" аз оғози баистифодадиҳӣ 10 млрд кВт·соат неруи барқ истеҳсол кард.
Дар ин бора, Вазорати энергетика ва захоири оби кишвар хабар додааст.
‎Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги аср 60% ба анҷом расидааст.
Сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1116 метр аз сатҳи баҳр расида, баландии он ба 151 метр баробар гардид.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ чархаҳои муваққатӣ ба чархаҳои кории доимӣ иваз карда мешаванд.
Дар назар аст, ки моҳи сентябри соли 2027 агрегати навбатии неругоҳ ба истифода дода мешавад, афзуд вазорат.
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рӯдхонаи Вахш соли 1987 оғоз шуда, солҳои 90-ум ба иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ боздошта шуд.
Аз оғози солҳои 2000-ум барқарор кардани кор борҳо баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби талаби сармоягузории зиёд, борҳо мавқуф гузошта шуд.
Строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2026
Барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун 100 млн доллари дигар ҷудо шуд
Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли 2016 расман аз сар гирифта шуд. Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳ тақрибан $6,3 млрд арзиш дорад. Мувофики лоиха, баландии сарбанд 335 метр - баландтарин сарбанди сангфарш дар ҷаҳон хоҳад буд.
Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обӣ, баъди ба кор даромадани шаш агрегати он 3,6 ГВт хоҳад буд ва он бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.
Мақомот тасмим доранд, ки ин иншоотро ҳамчун як нерӯгоҳи барқи обии бисёрмақсад, аз ҷумла барои тавлиди нерӯи барқ, танзими об, коҳиши хатари обхезӣ ва коҳиши хушксолӣ истифода баранд.
Интизор меравад, ки бо истифода аз нерӯгоҳи барқи обӣ камбуди нерӯи барқ ​​дар фасли зимистон рафъ ва маҳдудияти нерӯи барқ аз байн бурда мешавад ва ҳамчунин зарфияти содироти нерӯи барқи Тоҷикистонро афзоиш меёбад.
Ҳоло ду агрегати нерӯгоҳ кор мекунад; якум 9 сентябри соли 2018 ба кор андохта шуда, дуюмаш соли 2019 ба фаъолият даромад.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон ин агрегатҳо дар соли 2024 зиёда аз 1,2 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0